Эй раво карда фиребанда ҷаҳон бар ту фиреб,
Эй раво карда фиребанда ҷаҳон бар ту фиреб,
Мар-туро хондаву худ рӯй ниҳода ба нишеб.
Ин ҷаҳонро ба ҷуз аз бодеву хобе машумар,
Гар муқиррӣ ба Худову ба расулу ба китеб.
Бар дил аз зӯҳд яке нодира таъвиз навис,
То наёяд-ш аз ин деви фаребанда ниҳеб.
Баҳраи хештан аз умр фаромӯш макун,
Раҳгузорат ба ҳисоб аст, нигаҳ дор ҳисеб.
Доману ҷайб макун ҷаҳд, ки зарбафт кунӣ,
Ҷаҳди он кун, ки магар пок кунӣ доману ҷеб.
Зевару зеби занон аст ҳариру зару сим,
Мардро нест ҷуз аз илму адаб зевару зеб.
Кай шавад иззу шараф бар сари ту афсару тоҷ,
То ту мар-илму хирадро накунӣ зину рикеб?
Хештанро ба зиҳи беҳмон в-аҳсанти фалон,
Гар ҳаме хандаву афсӯс нахоҳӣ, мафиреб.
Хиҷлату айби тани хешу ғами ҷаҳл кашад
Кӯдаке, к-ӯ накашад заҳмати устоду адиб.
Панд бипзир, чу куррай рамакӣ сахт марам,
Ҷоҳил аз панди ҳакимон рамаду курра зи шеб.
Сухан омӯз, ки то панд нагирӣ зи сухан,
Пандро бознадонӣ зи либосоту фиреб.
На ғалевож туро сайди тазарв ораду кабк,
На сапедор туро бор биҳӣ ораду себ.
Сар битоб аз ҳасаду гуфтаи пурмакру дурӯғ,
Чӯби пурмағз махар, ҷомаи пуркису вуреб.
Эй бародар, сухани нодон хорест дурушт,
Дур бош аз сухани беҳуда-ш осеб, осеб!
Зарқи дунёро гар ман бихаридам, ту махар
В-ар касе бар сухани дев бишебад, ту машеб.