Ин ҷаҳон хоб аст, хоб, эй пури боб,
Ин ҷаҳон хоб аст, хоб, эй пури боб,
Шод чун бошӣ бад-ин ошуфта хоб?
Равшаний чашми маро хуш-хуш бибурд
Равшанӣ-ш, эй рӯшноӣ, чашми боб.
Тобу нур аз рӯи ман мебурд Моҳ,
Тобу нураш гашт яксар печу тоб.
Печу тобаш нуру тоб аз ман бибурд,
То бимондам тофта бе нуру тоб.
Офтобам шуд ба мағриб, чун басе
Бар сарам бигзашт тобон Офтоб.
Ҷуз шикори мардум, эй ҳушёр пур,
Нест чизе кори ин паррон уқоб.
Ин уқоб аз кӯҳ чун сар барзанад,
Аз ҷаҳон яксар бурун паррад ғуроб.
Гарди ранҷу ғам, ки бар мардум расад,
Зудтар ме пир гардад марди шоб.
Чун маро пирӣ зи рӯзу шаб расид,
Нест рӯзу шаб ҳамоно ҷуз азоб.
Ҳар чӣ нозу хуб кардаш гашти чарх,
Ҳам зи гардиш зуд гардад зишту хоб.
Дил бар ин ошуфта хоб-андар мабанд,
Пеш, к-ӯ аз ту битобад, з-ӯ битоб.
З-ин сароби ташнакуш парҳез кун,
Ташнагон бисёр куштаст ин сароб.
Рӯи тоза-т зӣ сароби ӯ манеҳ,
То нарезад з-он сароб аз рӯят об.
Гар-ш бинкӯҳӣ, надорад шарму бок
В-ар-ш бинвозӣ, наёбӣ з-ӯ савоб.
Гарчи бехайр аст гетӣ мардро,
З-ӯ шавад ҳосил ба дониш хайри ноб.
Гарчи хоку об сабзу тоза нест,
Сабз аз обу хок шуд тоза судоб.
Гарчи дар гетӣ наёбӣ ҳеч фазл,
Мард аз ӯ фозил шудасту зудёб.
Ин ҷаҳон алфанҷгоҳи илми туст,
Сар мазан чун хар дар ин хонай хароб.
Киштварзат кард бояд бар замин,
Ҷанг н-ояд бо заминат, на итоб.