Бар ту ин хӯрдану ин рафтану ин хуфтану хост,
Бар ту ин хӯрдану ин рафтану ин хуфтану хост,
Нек бингар, ки кӣ афканд в-аз ин кор чӣ хост?
Гар на нокоми ту буд ин ҳама тақдир, чаро
Ба ҳама умр чунин хобу хурат кому ҳавост?
Чун шудӣ фитнаи нохостаи хеш, бигӯй,
Рост мегӯй, ки ҳушёр нагӯяд ҷуз рост.
В-ар ту худ кардӣ тақдир чунин бар тани хеш,
Сонеи хеш туӣ, пас худу ин қавл хатост.
Рост он аст, ки тан банди Худой аст туро
Андар ин хонаву ин хона туро ҷой чарост?
Ба чаро фитна шудан кори сутур аст, туро
Ин ҳама меҳр бар ин ҷои чаро чуну чарост?
Гарчи андӯҳи туву бими ту аз костан аст,
Эй фузуда зи чаро, чора наёбӣ ту зи кост.
Зери гарданда фалак чун талабӣ хира бақо,
Ки ба назди ҳукамо гаштан аз оёти фаност.
Гаштани ҳоли туву гаштани чарху шабу рӯз
Бар дурустӣ, ки ҷаҳон ҷои бақо нест, гувост.
Манзили туст ҷаҳон, эй сафарӣ, ҷони азиз,
Сафарат сӯи сароест, ки он ҷои бақост.
Махӯр андӯҳ, ки аз ин ҷой ҳаме баргузарӣ,
Гарчи вайрон бувад ин манзил, динат ба навост.
Паст маншин, ки туро рӯзе аз ин қофилагоҳ
Гарчи дер аст, ҳамон охир бирбояд хост.
Тӯша аз тоати Яздон-т ҳаме бояд кард,
Ки дар ин саъбсафар тоати ӯ тӯшаи мост.
Некӣ алфанҷу зи парҳезу хирад пӯш силоҳ,
Ки бар ин роҳ яке мункиру саъб аждарҳост.
Беҳтарин роҳ гузин кун, ки ду раҳ пеши ту аст:
Як раҳат сӯи наъим асту дигар сӯи балост.
Аз паси он ки расул омада бо ваъду ваъид,
Чанд гӯӣ, ки баду нек ба тақдиру қазост?
Гунаҳу коҳилии худ ба қазо-бар чӣ ниҳӣ?
Ки чунин гуфтани бемаънӣ кори суфаҳост.
Гар Худованд қазо кард гунаҳ бар сари ту,
Пас, гуноҳи ту ба қавли ту Худованди турост.
Бадкуниш зӣ ту Худой аст бад-ин мазҳаби зишт?
Гарчи ме гуфт наёрӣ, к-ат аз ин бим қафост.