Бози ҷаҳон тезпарру халқ шикор аст,
Бози ҷаҳон тезпарру халқ шикор аст,
Бози ҷаҳонро ба ҷуз шикор чӣ кор аст?
Нест ҷаҳон хор сӯи мо, зи чӣ маънӣ
Хӯрдани мо сӯи бози ӯ хушу хор аст?
Қофила ҳаргиз нахӯрду роҳ назад боз,
Бози ҷаҳон раҳзан асту қофилахор аст.
Сӯҳбати дунё маро нашояд, азеро-к
Сӯҳбати ӯ асли нангу мояи ор аст.
Сӯҳбати дунё ба сӯи оқилу ҳушёр
Сӯҳбати девори пур зи нақшу нигор аст.
Кори ҷаҳон ҳамчу кори беҳушу мастон
Яксара нохубу пур зи айбу авор аст.
Лоҷарам аз халқ ҷуз, ки масту хасонро
Бар дари ин маст-бар на ҷоҳу на бор аст.
Сӯи ҷаҳон бор мар-турост, азеро-к
Меъда-т пурхамру мағз пур зи хумор аст.
Ҷонат шаш моҳ пур зи меҳри хазон аст,
Шаш маҳ аз ин пас пур аз нишоти баҳор аст.
То ба асиру ба сабза шод набошӣ,
Хӯрдану рафтан ба сабза кори ҳимор аст.
Ғарра чаро гаштаӣ ба кори замона,
Гар на димоғат пур аз фасоди бухор аст.
Дастаи гул гар туро диҳад, ту чунон дон-к
Дастаи гул нест он, ки пуштаи хор аст.
Меваи ӯро на ҳеч бӯю на ранг аст,
Ҷомаи ӯро на ҳеч пуду на тор аст.
Рӯи умедат ба зери гарди нумедист,
Гар-т гумон аст, к-ин сарои қарор аст.
Рӯй наёрам суи ҷаҳон, ки наёрам,
К-ин ба суи ман батар зи гурсуна мор аст.
Ҳар кӣ бидонист хӯи ӯ зи ҳакимон,
Ҳамраҳи ин мори саъб рафт наёраст.
Раҳбарӣ аз вай мадор чашм, ки дев аст,
Меваи хуш з-ӯ макун тамаъ, ки чанор аст.
Баҳраи ту з-ин замона рӯзгузорист,
Бас кун аз ӯ ин қадар, ки бо ту шумор аст.
Ҷони азизи ту бар ту воми Худой аст,
Воми Худой аст бар ту, кори ту зор аст.