Шохи шаҷари даҳр ғаму машъалабор аст,
Шохи шаҷари даҳр ғаму машъалабор аст,
Зеро ки бар ин шох ғаму машғала бор аст.
Он, к-ӯ чу ман аз машғалаву ранҷ ҳазар кард,
Бо шохи ҷаҳон беҳуда шӯрид наёраст.
Бо шохи ту, эй даҳр, ба даргоҳи ту-андар,
Моро ба ҳама умр на кор асту на бор аст.
Чун бори ман, эй сифла, фикандӣ зи хари хеш,
Андар хари ту, чунки нагӯям, ки чӣ бор аст.
Кирдори туро ҳеч на асл асту на моя,
Гуфтори туро ҳеч на пуд аст, на тор аст.
Эҳсону вафои ту ба ҳаддест бас андак,
Лекин ҳасаду макри ту беҳадду канор аст.
Сандуқчаи адли ту мондаст ба Тартус,
Дастурчаи ҷаври ту дар пеши кибор аст.
Нашгифт, ки ман зери ту беҳолу қарорам,
Ҳар гаҳ, ки на ҳол аст турову на қарор аст.
Печида ба мискин тани ман-дар ба шабу рӯз
Ҳамвора ситамгораву хунхора ду мор аст.
Эй тан, ба яқин дон, ки туро оқибати кор
Чун гирди ту печида ду мор аст, димор аст.
Ночор аз ин ҷо-т барад он, ки биёвард,
Ин нест сарои ту, ки ин роҳи гузор аст.
Бингар, ки ба чашмат шиками модар, пуро,
Имрӯз дар ин олам чун нохушу хор аст.
Ин ҷой бимонӣ, чу дар он ҷой намондӣ,
Тақдир қиёс асту бад-ин ҷой ба кор аст.
Гар нест ба ғам ҷони ту бар рафтан аз он ҷо,
Аз рафтан аз ин ҷой чаро дил-т фигор аст?
Эй монда дар ин роҳгузар, роҳилае соз
Аз илму зи парҳез, ки роҳат ба қифор аст.
Ту хуфтаву пуштат зи базаҳ гашта гаронбор,
Бо бори гарон хуфтан аз ахлоқи ҳимор аст.
Бе ҳеч гунаҳ чунки бибастанд-т аз ин сон,
Бе ҳеч гунаҳ банд кашидан душвор аст.
Бар ҳар кӣ гунаҳ кард, яке банд ниҳоданд,
Бе ҳеч гунаҳ чун ки туро банд чаҳор аст.
Пурбанд ҳисорест равон тан-т равонро
Дар банду ҳисорӣ ту, аз ин кори ту зор аст.