Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Он, ки бино кард ҷаҳон, з-ин чӣ хост,

Он, ки бино кард ҷаҳон, з-ин чӣ хост, Гар ба дил андеша кунӣ, з-ин равост. Гаштани гардуну дар ӯ рӯзу шаб Гоҳ каму гоҳ фузун, гоҳ рост. Об раванда ба нишеб аз фароз, Абр шитобанда ба сӯи самост. Монда ҳамеша ба гил-андар дарахт, Боз равон ҷонварон чаппу рост. В-ар ба дил андеша зи мардум кунӣ, Машғалашон беҳаду бемунтаҳост. Мешу бузу гову хару пилу шер Яксара з-ин ҷонвар андар балост. Тухму бару барги ҳама рустанӣ Доруи мо ё хӯриши ҷисми мост. Ҳарчи хуш аст, он хӯриши ҷисми туст, Ҳарчӣ на хушшаст, туро он давост. Оҳуву нахчиру гавазни чарон, Ҳарчӣ мар-ӯро зи гиёҳон чарост. Гӯшт ҳамесозанд аз баҳри ту, Аз хасу хору пала, к-андар фалост. В-аз хасу аз хор ба бегору гов Равғану пину куниву дӯғу мост. Неку баду он чи савобу хатост, Ин ҳама дар якдигар аз кирди мост. Нест зи мо эмин нахчиру шер Дар куҳу на мурғ, ки он дар ҳавост. Оташ бар дег паи кори туст, Об ба бегори ту дар осиёст. Бод ба дарё-дар моро мутеъ, Коркуну боркашу бемирост. Ин чи кунӣ, он нигар акнун, ки халқ Ҳар яке аз дигаре андар аност. Рум, яке гӯяд, мулки ман аст В-он дигаре гӯяд: Чин мар-марост. Ин ба сари ганҷ бароварда тахт В-он ба яке кунҷ-дарун бенавост. Холид бар бистари хазз асту баз, Ҷаъфар дар орзуи бӯрёст.