Хирад чун ба ҷону танам бингарист,
Хирад чун ба ҷону танам бингарист,
Аз ин ҳар ду бечора бар ҷон гирист.
Маро гуфт, к-ин ҷо ғариб аст ҷон-т,
Бад-ӯ кун иноят, ки тан-т эдарист.
Иноят намудан ба кори ғариб
Сари фазлу асли накӯмаҳзарист.
Гар ороиши бут зи бутгар бувад,
Танатро маёрой, к-ин бутгарист.
Накӯтар нигар, то куҷо меравӣ,
Ки гумраҳ шуд он, к-ӯ накӯ нангарист.
Агар девро бо парӣ дидаӣ
В-агар не, танат деву ҷонат парист.
Парӣ-т, эй бародар, бараҳна чарост,
Агар деват андар хази шуштарист?
Чу тан-т аз араз ҷома дорад бад-он,
Ки мар-ҷон-тро ҷомаи ҷавҳарист.
Ба собуни дин шӯй мар-ҷон-тро,
Биёмӯз, к-ин бас накӯ гозарист.
Зи дониш яке ҷома кун ҷон-тро,
Ки бедонишӣ мояи кофарист.
Сари илмҳо илми дин аст, к-он
Масал меваи боғи пайғамбарист.
Ба дин аз харӣ дур бошу бидон,
Ки бединӣ, эй пур, бешак харист.
Магар ҷаҳл дард асту дониш даво,
Ки доно чунин аз ҷаҳолат барист.
Ба доруи илмӣ дарун илми дин,
Зи бас манфиат шаккари аскарист.
Сухан беҳ зи шаккар, к-аз ӯ мардро
Зи дарди фурӯмоягӣ беҳтарист.
Сухан дар раҳи дин хирадмандро
Суи саъд раҳбартар аз Муштарист.
Гуле ҷуз сухан дид ҳаргиз касе,
Ки бе обу бе нам ҳамеша тарист?
Биёмӯз гуфтору кирдори хуб,
К-ат ин ҳар ду бунёди некахтарист.
Муроди Худой аз ҷаҳон мардум аст,
Дигар ҳар чӣ бинӣ дар ӯ, сарсарист.