Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Эй лӯъбати хандон

Эй лӯъбати хандон, лаби лаълат кӣ газидаст? В-аз боғи латофат гули рӯи ту кӣ чидаст? Некӯтар аз ин мева ҳама умр кӣ хӯрдаст? Ширинтар аз ин харбуза ҳаргиз кӣ буридаст? Эй Хизр, ҳалолат накунам чашмаи ҳайвон, Донӣ, ки Сикандар ба чӣ меҳнат талабидаст?! Ин хуни касе рехтаи ё майи сурх аст? Ё тути сиёҳ аст, ки бар ҷома чакидаст? Бо ҷумла даромезию аз мо бигурезӣ, Ҷурм аз ту набошад, гунаҳ аз бахт рамидаст. Бисёр таваққуф накунад меваи пурбор, Чун ом бидонад,ки ширину расидаст. Шукр аст, ки девор ба якбор биафтод, То боз нагӯӣ, ки кас ин боғ надидаст. Гул низ дар ин ҳафта даҳан боз намекард, Имрӯз насими саҳараш парда даридаст. Рафт он, ки фуқаъ аз ту кашоем дигар бор, Моро бас аз ин кӯза, ки бегона макидаст. Саъдӣ дари бӯстони ҳавои дигаре зан, В-ин кишта раҳо кун, ки дар он галла чаридаст.