Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Бовар Ва Каланд

Марде буду сода буд, Сода буду лода буд. Пиндори абас мекард, Бовар ба ҳар кас мекард. Ҳарфи байни ду лаб гашт, «Бовар» баӯ лақаб гашт. Гӯшам деҳ, аз кориӯ Қисса пардозам ба ту: Бовар дорад каланде, Як моли дилписанде. Хуб асту гиро бисёр, Зеби дасту боби кор. Овозаи каландаш, Овозаи баландаш, Рафта ба наздику дур, Боварро карда машҳур. Аз ин роҳу аз он роҳ, Ҳоҷатманди ёрихоҳ, Ояд манзили Бовар, Бинвозад дили Бовар. В-аз баҳри муддате чанд Аз Бовар барад каланд. Бовар, ки бовар дорад, Фикре андар сар дорад. Оне барад каландаш, Боз оварад каландаш. Бидҳад касе варо фанд, Ба сад бало шавад банд. Андар он деҳи зебо, Биҳишти рӯйи дунё, Як марди нуктадон буд, Номи некаш Замон буд. Хоҳанда буд, чун додар

Китобҳои муаллиф