Чистонҳо
Чист он ки монанди мушт
Ҳам нарм асту ҳам дурушт,
Бораш ҳамеша хор аст,
Хораш ҳамеша дар пушт?
(Хорпушт)
Лӯб-лӯнда ҳамчун замин,
Рӯ-рӯйи сабза ғ елон,
Як худаш бо даҳ нафар
Бозӣ дорад дар майдон.
(Тӯб)
Чист он ки ранг-ранг аст,
Чолоку тезчанг аст,
Дар сурати паланг аст,
Бо мушҳо ба ҷанг аст?
(Гурба)
Ҷома пӯшад сад қ абат,
Бо ҷомааш равад хоб,
Ҷомаашро кушоӣ,
Чашмат шавад ҳавзи об.
(Пиёз)
Гунбаде дар сар дорам,
Якдаста мебардорам.
(Чатр)
Баста даҳони танӯр,
Танӯри аз лахча пур.
(Тарбуз)
Ин раҳ чӣ гуна роҳ аст,
То бом аз остона,
Ҳар ҷо хоҳӣ, мебарӣ
Рӯйи ҳавлию хона?
(Нардбон)
