Шодӣ Ё Ҳодӣ
Дар як бинои барҳаво,
Андар чаҳорум ошён,
Ҳамсояи якдигаранд
Шодию Ҳодӣ, ҷӯраҷон.
Шодӣ хароби қ адбаланд,
Ҳодист фарбеҳи лаванд,
Фардо қ адам бар синни даҳ
Ҳар ду баробар мениҳанд.
Шодӣ ба гулҳо резад об,
Хонад гаҳу бегаҳ китоб,
Ҳодӣ вале рӯзи тамом
Дар фикри хӯрок асту хоб.
Шодӣ ба варзиш меравад,
Ҳодӣ қ имоб аз номи он,
(Гар номи варзиш бишнавад,
Таб мебарорад дарзамон).
Шодӣ, чу набвад модараш,
Бозӣ кунад бо додараш,
Ҳодӣ намеҷунбад зи ҷо,
Ҳарчанд гиряд хоҳараш.
Ман ҷӯраам бо он яке,
Аз ҷӯраҳои қ адрдон,
Оҳиста гӯй акнун ба ман:
Шодист ё Ҳодист он?
