Зоғча
Кунҷи ғарам ҷойи ӯст,
Дар лабаки боғча,
Кулча зада хуфтааст
Вақти саҳар Зоғча.
Дар сияҳӣ бурдааст
Пирсаг аз дуда ранг,
Зоғча не, дар назар
Тӯдае ангиштсанг.
Сип-сияҳ тахтапушт,
Сип-сияҳ чашмҳо,
Сип-сияҳ гӯшу дум,
Сип-сияҳ дасту по.
Ғунча задасту куҷо
Хоб барад бемалол?
Зоғча сар мондааст
Бар кафи дасти хаёл…
…Аз саҳарӣ то ба шом
Чор тараф буд давон,
Баррача берун равад,
Аз ақ ибаш буд равон.
Аз пайи бузғолаҳо
Сӯйи ба сӯ раҳсипор,
Зоғчаро як нафас
Сабр набуду қарор.
Акка нишинад ба шох,
Дод занад аккаро,
Такка дарояд ба боғ,
Дӯғ занад таккаро.
Зоғчаро бесадо
Дошт чу аз рӯйи бом,
Дар ивази ин ҳунар
