Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Чӯҷа Пайи Дона Рафт

Чӯҷа паси хона рафт, Чӯҷа пайи дона рафт. Аз раҳ гузашт чӯҷа, Аз раҳ нагашт чӯҷа. Девори боғ омад роғ, Бигзашт аз девори боғ. Ҷӯ омад аз рӯ ба рӯ, Раҳ омад аз пушти ҷӯ. Чӯҷа ба он сӯ гузашт, Бар он сӯйи ҷӯ гузашт. Чӯҷа, ки якмоҳа буд, Худсару якроҳа буд. Гуфто: - Дигар калонам, Дон чида метавонам. Бояд барои дона Танҳо равам аз хона. Танҳо рафту ғам нахӯрд, Чашми чӯҷа хам нахӯрд. Тозон ба раҳ даромад, Тори пушта баромад. Тори пушта хирманҷост, Пур аз мушта хирманҷост. Хирманҷою дона дид, Каҳ тит карду дона чид. Вақте сер аз дона шуд, Дур аз ёдаш хона шуд. По бизад, хамёза кард,

Китобҳои муаллиф