Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2508

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1651

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1390

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1350

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1035

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1020

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 984

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Муаллим

👁 804

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 786

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 750

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Одамият

👁 697

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 689

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 673

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 660

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 644

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 643

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 609

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 596

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 589

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 570

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 557

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 543

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Шони муаллим

👁 540

Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.

Камол Насрулло
Камол Насрулло

Худо гар парда бардорад

👁 534

Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке

Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

Найнома

👁 529

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳамаи шеърҳо

Дур бош, эй хоҷа, з-ин бемар гала,

👁 2

Дур бош, эй хоҷа, з-ин бемар гала, К-ат наёяд чиз ҳосил ҷуз гила. Ҳар кӣ дар раҳ бо галай хугон равад, Гарду дарду ранҷ ёбад з-он гала.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Гург омадаст гурсунаву дашт пурбара,

👁 14

Гург омадаст гурсунаву дашт пурбара, Афтода дар рама, рама рафта ба шабчара. Гург аз рама хурону рама дар гиё чарон, Ҳар як ба ҳирси хеш ҳаме пур кунад дара.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Аё гашта ғарра ба макри замона,

👁 9

Аё гашта ғарра ба макри замона, Зи макраш ба дил гаштӣ огоҳ ё на? Ягонай замона шудӣ ту, валекин Нашуд ҳеч касро замона ягона.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Макру ҳасадро зи дил овор кун

👁 10

Макру ҳасадро зи дил овор кун В-ин тани хуфта-тро бедор кун. Нафси ҷафопеша-т море бад аст, Қасд суи куштани ин мор кун.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Худоё, арзу тӯли оламатро

👁 38

Худоё, арзу тӯли оламатро Тавонӣ дар дили мӯре кашидан. На вусъат дар даруни мӯр орӣ, На аз олам сари мӯе буридан.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Бингар бад-ин работу бад-ин саъб корвон,

👁 15

Бингар бад-ин работу бад-ин саъб корвон, То чунки солу моҳ давонанд ҳардувон. Ман мар-туро намудам, агарчи надида буд Бо корвон работ касе ҳардувон давон.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Дарди гунаҳро наёфтанд ҳакимон,

👁 10

Дарди гунаҳро наёфтанд ҳакимон, Ҷуз ки пушаймонӣ, эй бародар, дармон. Чист пушаймонӣ? Он ки бознагардад Мард ба коре, к-аз он шудаст пушаймон.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

То кай кунӣ гила, ки на хуб аст кори ман

👁 17

То кай кунӣ гила, ки на хуб аст кори ман В-аз тирамоҳ тиратар омад баҳори ман? Чун бингарӣ, ки шаст бидодӣ ба тамъи шаш, Навҳа кунӣ, ки вои гули ман зи хори ман

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Дер бимондам дар ин сарои куҳан ман,

👁 9

Дер бимондам дар ин сарои куҳан ман, То куҳанам кард сӯҳбати даю баҳман. Хаста аз онам, ки шаст сол фузун аст, То ба шабонрӯзҳо ҳаме биравам ман.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Кӣ пурсад з-ин ғариби хори маҳзун,

👁 12

Кӣ пурсад з-ин ғариби хори маҳзун, Хуросонро, ки бе ман ҳоли ту чун? Ҳам эдунӣ, чу ман дидам ба Наврӯз, Хабар бифрист, агар ҳастӣ ҳам эдун?

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Савори суханро замир аст майдон,

👁 7

Савори суханро замир аст майдон, Савораш чӣ чиз аст? – Ҷони сухандон. Хирадро инон созу андешаро зин, Бар аспи забон андар ин паҳнмайдон.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Эй шуда машғул ба кори ҷаҳон,

👁 8

Эй шуда машғул ба кори ҷаҳон, Ғарра чароӣ ба ҷаҳони ҷаҳон? Пайки ҷаҳонӣ ту, бияндеш нек, Сухра гирифтаст туро ин ҷаҳон.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Чаро хомӯш бошӣ, эй сухандон?

👁 18

Чаро хомӯш бошӣ, эй сухандон? Чаро дар назм н-орӣ дурру марҷон? Агар бар маркаби ҳикмат саворӣ, Чаро н-ойӣ суи майдони мардон?

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Эй ситамгар фалак, эй хоҳари Оҳирман,

👁 12

Эй ситамгар фалак, эй хоҳари Оҳирман, Чун нагӯӣ, ки чӣ афтода туро бо ман? Нарм кардастияму зард чу зардолу, Қасд кардӣ, ки бихоҳим ҳаме хӯрдан.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Шояд, ки ҳолу кор дигарсон кунам,

👁 13

Шояд, ки ҳолу кор дигарсон кунам, Ҳар-ч он беҳ аст, қасд суи он кунам. Олам ба моҳи найсон хуррам шудаст, Ман хотир аз тафаккур найсон кунам.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Аз сӯҳбати халқ дил гусастам,

👁 8

Аз сӯҳбати халқ дил гусастам, Андеша надими дил бас астам. Дар оби нумедӣ он ридоро, К-аш тамъ тироз буд, шустам.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Ман дигарам ё дигар шудаст ҷаҳонам,

👁 6

Ман дигарам ё дигар шудаст ҷаҳонам, Ҳаст ҷаҳонам ҳамону ман на ҳамонам. То-ш ҳамеҷустам, ӯ ба табъ ҳамеҷаст Аз ману ман з-ӯ кунун ба табъ ҷаҳонам.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Агар бо хирад ҷуфту андарх(в)арем,

👁 9

Агар бо хирад ҷуфту андарх(в)арем, Ғами хӯр чу хар чанду то кай х(в)арем? Сазад, к-аз харӣ дур бошем, аз он-к Худованду солори гову харем.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Аз ман бирамид ғамгусорам,

👁 11

Аз ман бирамид ғамгусорам, Чун дид заифу хингсорам. Гирди дари ман ҳаме наёрад, Гаштан на рафиқаму на ёрам.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Понздаҳ сол баромад, ки ба Юмгонам,

👁 8

Понздаҳ сол баромад, ки ба Юмгонам, Чуну аз баҳри чӣ? Зеро ки ба зиндонам. Ба ду бандам ман, азеро ки мар-ин ҷонро Ақл бастасту ба тан бастаи девонам.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Эй аҷаб, ар душмани ман худ манам,

👁 7

Эй аҷаб, ар душмани ман худ манам, Хира гила чун кунам аз душманам? Душмани ман ин тани бадмеҳри маст Карда гиреҳ доман бар доманам.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Эй бор Худои кирдгорам,

👁 10

Эй бор Худои кирдгорам, Ман фазли туро сипос дорам, Зеро ки ба рӯзгори пирӣ Ҷуз шукри ту нест ғамгусорам.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Дил з-ифтиоли аҳли замона мало шудам.

👁 5

Дил з-ифтиоли аҳли замона мало шудам. З-эшон ба қавлу феъл азеро ҷудо шудам. То ҳамчу Амру Зайд маро кӯр буд дил, Айбам накард ҳеч касе, ҳар куҷо шудам.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Ин рӯзгори бехатару кори бенизом

👁 16

Ин рӯзгори бехатару кори бенизом Вом аст бар ту, гар хабарат ҳаст, вом, вом. Бар ту муваккаланд бад-ин вом рӯзу шаб, Бояд-т боздод ба ноком ё ба ком.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Лашкари пирӣ фиканду қофилаи зул

👁 12

Лашкари пирӣ фиканду қофилаи зул Ногаҳ бар соъидайну гардани ман ғул. Ғулғул бошад ба ҳар куҷо, сипаҳ ояд В-ин сипаҳ аз ман бибурд яксар ғулғул.

Носири Хусрав
Носири Хусрав
Саҳифаи 144 аз 1002