Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Рӯзе зи сари санг уқобе ба ҳаво хост,
Рӯзе зи сари санг уқобе ба ҳаво хост, Аз баҳри тамаъ болу пари хеш биёрост. Бар ростии бол назар карду чунин гуфт: Имрӯз ҳама рӯи замин зери пари мост.
Ҷавонӣ шуд, ӯро фаромӯш кун,
Ҷавонӣ шуд, ӯро фаромӯш кун, Сари нотавонӣ дар оғӯш кун. Туро чанд гаҳ тан вашипӯш буд, Кунун чанд гаҳ ҷон вашипӯш кун.
Аз он пас, к-ин ҷаҳонро озмудӣ, гар хирадмандӣ,
Аз он пас, к-ин ҷаҳонро озмудӣ, гар хирадмандӣ, Дар ин пургарду нохуш ҷой дил хира чаро бандӣ? Ба беморӣ аз ин ҷои сипанҷӣ чун шавӣ берун, Махӯр тимор чандине,
Агар на бастаи ин беҳунар ҷаҳон шудаӣ,
Агар на бастаи ин беҳунар ҷаҳон шудаӣ, Чаро, ки ҳамчу ҷаҳон аз ҳунар ҷаҳон шудаӣ? Тани туро ба масал модар аст сифла ҷаҳон, Ту ҳамчу модар бадхӯ чунин аз он шуд
Ҷаҳоно, маро хира меҳмон чӣ хонӣ,
Ҷаҳоно, маро хира меҳмон чӣ хонӣ, Ки ту мизбонӣ, на бас некхонӣ? Кас аз хони ту сер хӯрда нарафтаст, Аз ин гуфтамат ман, ки бад мизбонӣ.
Он қуввати ҷавонӣ в-он сурати биҳиштӣ,
Он қуввати ҷавонӣ в-он сурати биҳиштӣ, Эй бехирад тани ман, аз даст чун биҳиштӣ? То суратат накӯ буд, афъоли зишт кардӣ, Пас, феълро накӯ кун, акнун ки зишт гаш
Девест ҷаҳони пиру ғаддоре,
Девест ҷаҳони пиру ғаддоре, К-аш нест ба макру ҷодуӣ ёре. Боғест пур аз гули тарӣ, лекин Бинҳуфта ба зери ҳар гуле хоре.
Осоишат набинам, эй чархи осиёӣ,
Осоишат набинам, эй чархи осиёӣ, Худ суда менагардӣ, моро ҳамебисоӣ. Моро ҳамефиребад гашти дамодами ту, Ман дар ту чун бипоям, гар ту ҳаме напоӣ?
Эй одамӣ ба сурату бе ҳеч мардумӣ,
Эй одамӣ ба сурату бе ҳеч мардумӣ, Чунӣ ба феъли дев чу фарзанди одамӣ? Гар асп нест астару на хар, ту ҳамчун ӯ На мардумӣ, на дев, яке девмардумӣ.
Ҷаҳон бозигарӣ донад, макун бо ин ҷаҳон бозӣ,
Ҷаҳон бозигарӣ донад, макун бо ин ҷаҳон бозӣ, Ки дармонӣ ба доми ӯ, агарчи тезпар бозӣ. Баровардам чу кохе хуб, акнун ме фуруд орад, Бароварда фуруд орӣ, набоша
Бигзар, эй боди дилафрӯзи хуросонӣ,
Бигзар, эй боди дилафрӯзи хуросонӣ, Бар яке монда ба Юмгондара зиндонӣ. Андар ин тангии бероҳат биншаста Холӣ аз неъмату аз зайъату деҳқонӣ.
Намонад кори дунё ҷуз ба бозӣ,
Намонад кори дунё ҷуз ба бозӣ, Бақое несташ ҳар чун тарозӣ. Ту кабки кӯҳу рӯзу шаб уқобон, Ту аҳли Руму гашти даҳр ғозӣ.
Эй ғарра шуда ба подшоӣ,
Эй ғарра шуда ба подшоӣ, Беҳтар бинигар, ки худ куҷоӣ? Ту сӯи хирад зи бандагонӣ, Зеро ки ба зери бандҳоӣ.
Эй гашти замон, зи ман чӣ мехоҳӣ?
Эй гашти замон, зи ман чӣ мехоҳӣ? Низам мафурӯш зарқу рӯбоҳӣ. Аз ман, чу шинохтам туро, бигзар, Он гаҳ бифиреб, ҳар киро хоҳӣ.
Сифла ҷаҳоно, чу гирдгард биноӣ,
Сифла ҷаҳоно, чу гирдгард биноӣ, Ҳам ба сар оӣ, агарчи дер бипоӣ. Гарчи сарои баҳоимӣ, ҳукаморо Ту на сароӣ, чу бегумон ба сар оӣ.
Кору кирдори ту, эй гунбади зангорӣ,
Кору кирдори ту, эй гунбади зангорӣ, На ҳамебинам ҷуз макру ситамгорӣ. Бистурӣ поку пароганда кунӣ фардо, Ҳар чӣ имрӯз фароз ориву бингорӣ,
Эй, он ки ба тан з-орзуи мол чу нолӣ,
Эй, он ки ба тан з-орзуи мол чу нолӣ, Аз ман чу ситам худ кунӣ, аз баҳри чӣ нолӣ? Дар орзуи хеш бимолид туро мол, Чун гӯши дил, эй сӯхтанӣ, сахт намолӣ?
Эй он ки надими бодаву ҷомӣ,
Эй он ки надими бодаву ҷомӣ, То умр, магар бар ин ба фарҷомӣ? Чун дашт ҳарири сабз дарпӯшад В-ояд ба нишоти ҳиссӣ аз номӣ.
Гар нахоҳӣ, эй писар, то хештан маҷнун кунӣ,
Гар нахоҳӣ, эй писар, то хештан маҷнун кунӣ, Пушт пеши ину он пас чун ҳаме чун «нун» кунӣ? Дил-т хонай орзу гаштасту заҳр аст орзу, Заҳри қотилро чаро бо дил ҳа
Чу расми ҷаҳони ҷаҳон пеш бинӣ,
Чу расми ҷаҳони ҷаҳон пеш бинӣ, Ҳазар кун зи бадҳо-ш, агар пешбинӣ. Ба торикӣ-андар газоф аз паси ӯ Мадав, ки-т барояд ба девор бинӣ.
Макри ҷаҳонро падид нест карона,
Макри ҷаҳонро падид нест карона, Доми ҷаҳонро замона бинам дона. Дона ба дом-андарун махӯр, ки шавӣ хор, Чун сипарӣ гашт дона, чун хари лона.
Ба фаршу аспу устому хазина,
Ба фаршу аспу устому хазина, Чӣ афрозӣ чунин, эй хоҷа сина? Ба хӯи неку дониш фахр бояд, Бад-ин пур кун ба сина-дар хазина.
Басе кардам гаҳу бегаҳ назора,
Басе кардам гаҳу бегаҳ назора, Надидам кори дунёро канора. Наёбад чашми сар, ҳарчанд кӯшӣ Ҳаме з-ин нилгун чодар гузора.
Бадхӯ ҷаҳон туро надиҳад даста,
Бадхӯ ҷаҳон туро надиҳад даста, То ту зи дасти ӯ нашавӣ раста. Бастай ҳаво мабош, агар хоҳӣ, То дев мар-туро нагирад баста.
Эй гашта ба молу зӯри тан ғарра,
Эй гашта ба молу зӯри тан ғарра, Тозанда чу аспи шарзаву курра. Чун зини замона кӯфт ёлатро, Камтар кунӣ ин давидани турра.


