Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2508

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1651

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1390

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1350

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1035

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1020

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 984

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Муаллим

👁 804

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 786

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 750

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Одамият

👁 696

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 689

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 673

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 660

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 644

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 643

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 609

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 596

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 589

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 570

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 557

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 543

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Шони муаллим

👁 540

Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.

Камол Насрулло
Камол Насрулло

Худо гар парда бардорад

👁 534

Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке

Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

Найнома

👁 528

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳамаи шеърҳо

ГУФТОР АНДАР СИФАТИ АФЛОК ВА АНҶУМ

👁 8

Хунук Зовушу хуш Баҳрому Ноҳид, Ки эшон бар фалак ҳастанд ҷовид. Ҳуҷаста Моҳу Меҳру Тиру Кайвон, Ки доим бар фалак ҳастанд гардон.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР НАКӮҲИШИ ҶОҲУ МОЛ

👁 16

Набояд шуд ба молу ҷоҳ мағрур, Чу марг ояд, чи дарбону чи фағфур. Макун такя бар иқболи замона, Ки ӯ бар кас намонад ҷовидона.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ГУФТОР АНДАР ХОМӮШӢ ВА НИГАҲ ДОШТАНИ СИРР

👁 11

Нигаҳбони сарат гаштаст асрор, Агар сар боядат, сирро нигаҳ дор! Забон барбаста бояд, сир ниҳуфта, Намонад сар, чу шуд асрор гуфта.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР МАЗАММАТИ СУФАҲО ВА ҶУҲҲОЛ

👁 15

Зиҳӣ ҷоҳил, ки олим ном дорӣ, Ту ин илм аз барои дом дорӣ. Шунидӣ илм, кардӣ ном солус, Хирад бар илми ту медорад афсӯс.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР НАКӮҲИШИ ТАҚЛИД

👁 11

Чӣ гӯӣ, к-ин ривоят мекунад з-он, Зубайр аз Холиду Холид зи Усмон. Даре бар ту нахоҳад з-ин кушудан, Ба маънӣ хоҳадат з-ин рух намудан.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР МАЗАММАТИ ҒАММОЗОН

👁 7

Машав ғаммози кас наздики шоҳон, Битарс охир зи оҳи бегуноҳон. Магӯ бӯҳтон, битарс аз рӯзи маҳшар, Ки фардо бозпурсанд аз ту яксар.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР МАЗАММАТИ ДӮСТОНИ РИЁӢ

👁 8

Рафиқе ман дар ин манзил надидам, Ҳақиқат дӯсте якдил надидам. Аз ин муште рафиқони риёӣ, Буридан беҳтар аст аз ошноӣ.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

АНДАР НАСИҲАТ ВА МАВЪИЗАТ

👁 10

Чи хуш зад достон он мӯъбади пир, Суханҳои варо дар гӯши ҷон гир. Ҳар он касро, ки бошад роҳбар бум, Набинад ҷуз, ки вайроний бару бум.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ГУФТОР АНДАР СИФАТИ АХЛОҚИ ҲАМИДА ВА ЗАМИМА

👁 10

Дар ин зиндон ҳарифе чанд бо туст, К-аз ин ёрон ҷудоӣ боядат ҷуст. Яке бухлу дувум ҳирсу севум оз, Чаҳорум макру панҷум шаҳвату ноз.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ГУФТОР АНДАР УЗЛАТ ГИРИФТАН

👁 7

Ту узлат ҷӯю дур аз анҷуман бош, Рафиқи хештан, ҳам хештан бош. Зи узлат шоҳи мурғон гашт симурғ, Яке мурғ аст, хонандаш ба сӣ мурғ.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР ШИНОХТАНИ НАФС

👁 21

Бидон худро, ки гар х(в)адро бидонӣ, Зи худ ҳам неку ҳам бадро бидонӣ. Шиносои вуҷуди хештан шав, Пас он гаҳ сарфарози анҷуман шав.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР СИФАТИ АНВОЪИ МАРДУМ

👁 12

Банӣ Одам гурӯҳе бас латифанд, Ҳақиқат ҳам хасису ҳам шарифанд. Тан аз хоканду ҷон аз ҷавҳари пок, Шараф доранд бар хосони афлок.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ГУФТОР АНДАР СИФАТИ КАМОЛИ ИНСОН

👁 18

Дарахт аст ин ҷаҳону мева моем, Ки хуррам бар дарахти ӯ бароем. Дигар ҳастанд баргу мо ҳама бар, Туфайли мо шуданд инҳо саросар.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР БАЁНИ ҲАВОСИ ЗОҲИР ВА БОТИН

👁 11

Туро ин хони шашсӯ раҳгузар шуд, Аз ин хон хонаи ту панҷдар шуд. Кушода ҳар даре дар бӯстоне, Зи ҳар дар медарояд корвоне.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР БАЁНИ АЪРОЗ ВА ҶАВОҲИР

👁 11

Ҳар он чи ҳаст з-аъло то ба асфал, Ду чиз омад зи охир то ба аввал: Яке аърозу он дигар ҷавоҳир, Чунин гуфтанд устодони моҳир.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР БОЗГАШТАН

👁 8

Дигарбора аз ин вайрона гулхан, Гар ояд сӯи он обод гулшан, Бад-он раҳ, к-омадаст, ӯ боз гардад, Вале бояд, ки некӯсоз гардад,

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР ШАРАФИ ИНСОН

👁 8

Чу ту худ менадонӣ кистӣ ту, Бигӯ, то дар ҷаҳон бар чистӣ ту? Туӣ ту, худ бигӯ то худ кадом аст? Танӣ ё ҷон, туро охир чӣ ном аст?

Носири Хусрав
Носири Хусрав

АНДАР ФИТРАТИ ИНСОН

👁 5

Чӣ гуфтанд он ҳакимони сухангӯй, Ки бурданд аз малоик дар сухан гӯй. Ки хуни мо, ки он асли ҳаёт аст, Яке фарзанди ҳайвону набот аст.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР АНОСИР ВА МАВОЛИД

👁 9

Аз эшон гашт пайдо чор унсур, Зи ман бишнав ту ин маънии чун дур. Асир, он гаҳ ҳаво, пас обу пас хок, Ки зодастанд ин ҳар чор з-афлок.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ГУФТОР АНДАР ОФАРИДА ШУДАНИ АФЛОК ВА КАВОКИБ

👁 8

Чу пайвастанд Ақлу Нафс бо ҳам, К-аз эшон зод аҷроми муҷассам. Мар-ӯро ҷунбиши авло бувад ном, К-аз он ҷунбиш замин меёбад ором.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ГУФТОР ДАР СИФАТИ АҚЛИ КУЛЛ ВА НАФСИ КУЛЛ

👁 13

Аз аввал Ақли куллро кард пайдо, Варо Арши илоҳӣ гуфт доно. Гурӯҳе иллати авло-ш гуфтанд, Гурӯҳе Одами маъно-ш гуфтанд.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР ТАВҲИДИ БОРӢ, СУБҲОНАҲУ ВА ТАЪОЛО

👁 11

Ба номи кирдгори фарди довар, Ки ҳаст аз ваҳму ақлу фикр бартар. Ҳам ӯ аввал, ҳам ӯ охир зи мабдо, На аввал будаву не охир ӯро.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ФАСЛУН ФӢ-Н-НАСИҲАТИ

👁 12

Даме аз Ҳақ машав ғофил дар ин роҳ, Чу медонӣ, ки ояд марг ногоҳ. Аз ӯ хоҳ истионат дар ҳама кор, Ки чун ӯ кас набошад мар-туро ёр.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

РӮШНОИНОМА

👁 16

Ба номи он, ки дорои ҷаҳон аст, Худованди тану ақлу равон аст. Хирад з-идроки ӯ ҳайрон бимонда, Дилу ҷон дар раҳаш беҷон бимонда.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Нашнидаӣ, ки зери чаноре кадубуне

👁 18

Нашнидаӣ, ки зери чаноре кадубуне Баррусту бардавид бар ӯ бар ба рӯз бист. Пурсид аз он чанор, ки ту чандсолаӣ? Гуфто: Дивист бошаду акнун зиёдатест.

Носири Хусрав
Носири Хусрав
Саҳифаи 142 аз 1002