Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Боби ҳаждаҳум — ДАР ЁРИ МУВОФИҚ ВА ВАФО НАМУДАН
Дило, ёре талаб, гар метавонӣ, Чунон ёре, ки бар вай ҷон фишонӣ. Кадомин дӯст, к-ӯ бо дӯст нозад, Чу кор афтад, ба ҷон ҷонро бибозад.
Боби ҳафтдаҳум — ДАР ДАЪВИДОРОНИ МУҚАЛЛИД
Чу ганҷанд он азизон дар харобӣ, Талаб кун ганҷи пинҳон, то биёбӣ. Зи нешаш чунки тан осуда дорад, Ки доим неши заҳролуда дорад.
Боби шонздаҳум — ДАР БАЁНИ СОЛИКОНИ МУҲАҚҚАҚ
Чӣ донӣ кист дар кунҷи харобот, Зи сӯзи дардмандон дар муноҷот. Далелоне, ки биноёни роҳанд, Сарири масканатро подшоҳанд.
Боби понздаҳум — ДАР ШУКРИ ДАРВЕШОН ДАР ФАҚР
Раҳи фақр аст роҳи босаломат, Барӣ аз шарру эмин аз маломат. Хилофи сар бузургӣ кун ба хурдӣ, Дар ин раҳ по ниҳодӣ, даст бурдӣ.
Боби чаҳордаҳум — ДАР ДОНИСТАНИ ҶОЙ МИЁНИ АНҶУМАН
Бидон худро миёни анҷуман ҷой, Макаш беш аз гилеми хештан пой. Машав бартарнишин аз пояи хеш, Талаб кун ҷинси худ ҳамсояи хеш.
Боби сездаҳум — ДАР ШУРӮЪ ВА ИҶТИНОБ АЗ КОРҲО
Дурӯза умр дар дунёи фонӣ, Накӯ кун хӯю хулқу зиндагонӣ. Ба ҳар коре сари ришта нигаҳ дор, Инон якборагӣ аз даст магзор.
Боби дувоздаҳум — ДАР БУРИДАН АЗ НОДОН
Аз эшонанд канносу гулобӣ, Вале з-ин бӯву з-он як ганд ёбӣ. Чӣ хуш гуфт он хирадманди сухандон, Ки рӯй аз сӯҳбати нодон бигардон.
Боби ёздаҳум — ДАР ИХТИЛОТ БО МАРДУМИ ДОНО
Саодат ихтилоти зиракон аст, Зи нодон гар расад суде, зиён аст. Ба доноён даме арзад ҷаҳоне, Наярзад сад сари нодон ба ноне.
Боби даҳум — ДАР РОҲАТ РАСОНИДАН ВА НЕКӮӢ ХОСТАН
Беҳин коре, ки андар зиндагонист, Накӯхоҳӣ, ба кас роҳатрасонист. Ту гар тавфиқ дорӣ, ҳам бар он бош, Накӯхоҳу ба кас роҳатрасон бош.
Боби нуҳум — ДАР ЭҲСОН
Паи нафъ ихтилоти сифла магзин, Ки дунёӣ биафзояд, равад дин. Ба бахшиш кӯш, то дастат шавад пур, Макун бар кас ба симу зар тафохур.
Боби ҳаштум — ДАР ТАМАЪ ВА ХОРӢ
Тамаъ дар ҳар чӣ бастӣ, пой бастӣ, Чу даст аз ҷумла шустӣ, рав, ки растӣ. Тамаъ бисёр кардан хорӣ орад, Натиҷа хорияш ғамхорӣ орад.
Боби ҳафтум — ДАР ДӮСТӢЮ ВАФОВУ ДУШМАНӢ
Чу хоҳӣ кард бо кас душманӣ соз, Маяфкан дӯстӣ бо ӯ зи оғоз. Фикандан дӯстӣ бо кас салим аст, Вафо бурдан ба сар кори азим аст.
Боби шашум — ДАР ГУФТУШУНУД ВА ПАНД ШУНУДАН
Сухан дониста гӯ, чизе, ки гӯӣ, Худ он дониста беҳтар, ар нагӯӣ. Ба майдони фасоҳат чун дароӣ, Марон бас гарм, то дар сар наёӣ.
Боби панҷум — ДАР БАЁНИ ҶОҲИЛ ВА НОҶИНС
Бибур аз ҷоҳил, арчи хеш бошад, Ки ранҷи вай зи роҳат беш бошад. Зи нодону зи ноҷинсу зи нокас Ба шаб бигрез, мангар ҳеч дар пас.
Боби чаҳорум — ДАР БУРДБОРӢ
Ба кас мапсанд, он ч-ат нописанд аст, Ки воҷиб куштани мор аз газанд аст. Машав касро ба кин хонабарандоз, Ки ҳар кас бад кунад, ёбад бадӣ боз!
Боби дувум — ДАР НЕКХОҲӢ
Дило, пандам ниюшу дил дар ӯ банд, Зи ту тавба, зи пирони куҳан панд. Азеро, гар ба худ хорӣ нахоҳӣ, Макун коре, ки боз орад табоҳӣ.
Боби аввал — ДАР ТАСЛИМ
Дило, ҳамвора таслими ризо бош, Ба ҳар ҳоле, ки бошӣ, бо Худо бош. Худоро дон, Худоро хон ба ҳар кор, Мадон ту ёваронро беҳ аз ӯ ёр.
МУНОҶОТ БА ДАРГОҲИ ҚОЗИЮЛҲОҶОТ
Худовандо, маро тавфиқ додӣ, Дари маънӣ ба рӯи ман кушодӣ. Бар ин бехи дилам аз оби раҳмат Фурӯ боридаӣ борони ҳикмат.
ГУФТОР АНДАР ТАЪРИХИ КИТОБ
Ниҳодам ин китоби рӯҳпарвар, Кушодам бар дили аҳли хирад дар. Ба шеъри хуби ширин ҷон физоям, Ба ҳикмат дар сухан мӯъҷиз намоям.
ГУФТОР АНДАР МУШОҲИДАИ АРВОҲ
Равонам нуктаи борик медид, Агарчи дар шаби торик медид, Бидидам оламе ободу хуррам, Дар ӯ ҷамъе зи арвоҳи мукаррам,
ГУФТОР АНДАР НИСБАТИ ҲОЛАТ ВА САБАБИ МАҚОЛАТ
Замонам дод чандон даври гардун, Ки суфтам ин муборак дурри макнун. Шабе ҳамчун дили ноаҳл тира, Ду чашм аз кори гетӣ гашта хира.
ДАР МАЗАММАТИ ШУАРО
Хирад бар мадҳи ноаҳлон бихандад, Касе бар гардани хар дур набандад. Чаро чизе биполоӣ ба гадя, Ки н-арзад мулки ду ҷ-ҳон-ш ба ҳадя.
ГУФТОР ДАР СИФАТИ ШЕЪР ВА ТАБЪ
Зи дил биггзор, Ҳуҷҷат, шоириро, Ки кардӣ ошкоро соҳириро. Суханҳоят ҳама сеҳри ҳалол аст, Басе покизатар з-оби зулол аст.
ДАР НАКӮҲИШИ ҶАҲОН
Ҷаҳоно! Ҷодуӣ ё бӯю рангӣ, Гаҳе румӣ-т бинам, гоҳ зангӣ. Ба рангинлӯъбате дилхоҳ монӣ, Ки ту пайваста бар як сон намонӣ.
ДАР РИЗО ВА ТАСЛИМ
Ҳар он-ч аз гардиши ин чархи ворун Расад моро, нашояд буд маҳзун. Чу хоҳад гардиши ӯ бегумон буд, Надорад хӯрдани тимору ғам суд.


