Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
249. РАФТАНИ ГЕВ ВА КАЙХУСРАВ БА СИЁВУШГИРД
Сипаҳбад нишаст аз бари аспи Гев, Ҳаме рафт пеш-андарун Геви нев. Яке теғи ҳиндӣ гирифта ба чанг, Ҳар он кас, ки пеш омадӣ бедиранг,
248. ЁФТАН КАЙХУСРАВРО
Ҳаме рафт ҳар ҷой чун беҳушон, Магар ёбад аз шоҳзода нишон. Чунин то баромад бар ин ҳафт сол, Миён суда аз теғу банди дувол.
247. РАФТАНИ ГЕВ БА ТУРОН БА ҶУСТАНИ КАЙХУСРАВ
Чу хуршеди рахшанда омад падид, Замин шуд ба сони гули шанбалид. Биёмад камарбаста Геви далер, Яке боркаш бодпое ба зер.
246. ДИДАНИ ГУДАРЗ КАЙХУСРАВРО БА ХОБ
Чунон дид Гударз як шаб ба хоб, Ки абре баромад аз Эрон пуроб. Бар он абри борон нишаста Суруш, Ба Гударз гуфтӣ, ки букшой гӯш.
245. БОЗРАФТАНИ РУСТАМ БА ЭРОНЗАМИН
Таҳамтан чу бишнид, шарм омадаш, Ба рафтан яке рои гарм омадаш. Биёвард аспон зи ҳар сӯ гала, Ки буданд бар дашти Турон яла.
244. ВАЙРОН КАРДАНИ РУСТАМ ТУРОНЗАМИНРО
Барангехт дилорамида зи ҷой, Таҳамтан ҳамон кард, к-ӯ дид рой. Ҳама ғорату куштан андаргирифт, Ҳама буму бар даст бар сар гирифт.
243. РАФТАНИ ЗАВОРА БА ШИКОРГОҲИ СИЁВУШ
Чунон буд, ки рӯзе Завора бирафт, Ба нахчири гӯрон хиромид тафт. Яке турк, то бошадаш раҳнамой, Ба пеш андарафканду омад ба ҷой.
242. ПОДШОҲИИ РУСТАМ ДАР ТУРОНЗАМИН ҲАФТ СОЛ БУД
Сипаҳбад гави пилтан бо сипоҳ Сӯи Чину Мочин даромад зи роҳ. Ҳама марзи Чин бо Хитову Хутан Гирифташ ба бозуи шамшерзан.
241. ФИРИСТОДАНИ АФРОСИЁБ КАЙХУСРАВРО БА ХУТАН
Чу хуршед бар зад сар аз кӯҳсор, Бигустурд ёқут бар пушти қор. Хурӯш омаду нолаи каррной, Таҳамтан барангехт лашкар зи ҷой.
240. ГУРЕХТАНИ АФРОСИЁБ АЗ РУСТАМ
Чунин гуфт бо лашкар Афросиёб, Ки «Бедор бахт андаромад ба хоб. Агар сустӣ оред як тан ба ҷанг, Намонад маро ҷойгоҳи диранг.
239. КУШТА ШУДУНИ ПИЛСАМ БА ДАСТИ РУСТАМ
Биёмад ба қалби сипаҳ Пилсам, Диле пур зи кин, чеҳра карда дижам. Чунин гуфт бо шоҳи туронсипоҳ, Ки «Эй пурхирад, номбардор шоҳ,
238. ЛАШКАР КАШИДАНИ АФРОСИЁБ БА КИНИ ПИСАР
Чу лашкар биёмад зи дашти набард, Танон пур зи хуну сарон пур зи гард. Бигуфтанд, к-он номвар кушта шуд, Чунон давлати тез баргашта шуд.
237. ЛАШКАР КАШИДАНИ СУРХА БА ҶАНГИ РУСТАМ
В-аз он сӯ равон шуд наванде ба роҳ Ба наздики солори туронсипоҳ, Ки омад ба кин Рустами пилтан, Бузургони Эрон шуданд анҷуман.
236. КУШТАНИ ФАРОМАРЗ ВАРОЗОДРО
Сипаҳро Фаромарз буд пешрав, Ки фарзанди ӯ буду солори нав. Ҳаме рафт, то марзи Турон расид, Ки аз дидагаҳ дидбонаш бидид.
235. КУШТАНИ РУСТАМ СУДОБАРО ВА ЛАШКАР КАШИДАН
Нигаҳ кард Ковус дар чеҳри ӯй, Чунон ашки хунину он меҳри ӯй. Надод эч посух мар ӯро зи шарм, Фурӯ рехт аз дидагон оби гарм.
234. РАСИДАНИ РУСТАМ БА НАЗДИ КОВУС
Пас огоҳӣ омад сӯи Нимрӯз, Ба наздики солори гетифурӯз, Ки аз шаҳри Эрон баромад хурӯш, Зи марги Сиёвуш ҷаҳон шуд ба ҷӯш.
233. ОГОҲ ШУДАНИ КОВУС АЗ КОРИ СИЁВУШ
Чу огоҳӣ омад ба Ковусшоҳ, Ки шуд рӯзгори Сиёвуш табоҳ, Ба кирдори мурғон сарашро зи тан Ҷудо кард солори он анҷуман.
232. ШИКОЯТИ ФИРДАВСӢ АЗ ПИРИИ ХУД
Чу омад ба наздики сар теғи шаст, Мадеҳ май, ки аз сол шуд мард маст. Ба ҷои инонам асо дод сол, Пароканда шуд молу баргашт ҳол.
231. БОЗГАШТАНИ КАЙХУСРАВ БА СИЁВУШГИРД
Сипаҳбад бад-ӯ гуфт: «Лахте шитоб», Биёвардаш аз пеши Афросиёб. Ба айвони хеш омад афрӯхта, Хиромону чашми бадӣ дӯхта.
230. ОВАРДАНИ ПИРОН КАЙХУСРАВРО ПЕШИ АФРОСИЁБ
Шаби тира, хангоми орому хоб Кас омад зи наздики Афросиёб. Шаҳи номвар паҳлавонро бихонд, Гузашта суханҳо бар ӯ-бар биронд.
229. СУПУРДАНИ ПИРОН КАЙХУСРАВРО БА ШУБОНОН
Шубонони кӯҳи Қулуро бихонд, В-аз он шоҳзода суханҳо биронд. Бад-эшон супурд он дилу дидаро, Чунон нек пури писандидаро.
228. АНДАР ЗОДАНИ КАЙХУСРАВ
Шаби тирагун, моҳ пинҳон шуда, Ба хоб-андарун мурғу дому дада. Чунон дид солор Пирон ба хоб, Ки шамъе барафрӯхта з-офтоб,
227. РАҲОНИДАНИ ПИРОН ФАРАНГИСРО
Чу бишнид Пирон чунин гуфтугӯй, Хурӯшону ҷӯшон баромад ба кӯй. Зи охур биёвард пас паҳлавон Даҳ аспи савор, озмуда гавон.
226. КУШТА ШУДАНИ СИЁВУШ БА ДАСТИ ГУРӮЙ
Нигаҳ кард Гарсеваз андар Гурӯй Гурӯи ситамгар бупечид рӯй. Биёмад, ба пеши Сиёвуш расид, Ҷавонмардиву шарм шуд нопадид.
225. ЗОРӢ КАРДАНИ ФАРАНГИС ПЕШИ АФРОСИЁБ
Фарангис бишнид, рухро бихаст, Миёнро ба зуннори хунин бибаст. Пиёда биёмад ба наздики шоҳ, Ба хун ранг дода рухон ҳамчу моҳ.

