Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

229. СУПУРДАНИ ПИРОН КАЙХУСРАВРО БА ШУБОНОН

Шубонони кӯҳи Қулуро бихонд, В-аз он шоҳзода суханҳо биронд. Бад-эшон супурд он дилу дидаро, Чунон нек пури писандидаро. Ки «Инро бидоред чун ҷони пок, Набояд, ки бинад варо боду хок. Мабодо, ки танг ояд аз рӯзгор, Агар дидаву дил кунад хостор». Бигуфтанд яксар, ки «Фармон барем, Зи фармони ту як замон нагзарем». Сазошон бубахшид бисёр чиз, Яке доя бо вай фиристод низ. Ниҳоданд ангушт бар чашму сар, Бибурданд бар кӯҳ он тоҷвар. Бад-ин низ бугзашт чанде, сипеҳр Ба Хусрав-бар аз меҳр бикшод чеҳр. Чу шуд ҳафтсола гави сарфароз, Ҳунар бо нажодаш ҳаме гуфт роз. Зи чӯбе камон кард в-аз рӯда зеҳ, Зи ҳар сӯ барафканда бар зеҳ гиреҳ. Абе парру пайкон яке тир кард, Ба дашт-андар оҳанги нахчир кард. Чу даҳсола шуд, гашт гурде сутург, Ба ҷанги гуроз омаду разми гург. В-аз он ҷойгаҳ шуд ба шеру паланг, Ҳамон чӯби хаммидааш сози ҷанг. Чунин то баромад бар ин рӯзгор, Биёмад ба фармони омӯзгор. Шубон андаромад зи кӯҳу зи дашт, Бинолиду наздики Пирон гузашт. Ки «Ман з-ин сарафроз шери яла Сӯи паҳлавон омадам бо гила. Ҳаме кард нахчири оҳу нахуст, Раҳи шеру ҷанги палангон наҷуст. Кунун назди ӯ ҷанги шери дамон Ҳамон асту нахчири оҳу ҳамон. Набояд, ки ояд бар ӯ-бар газанд, Зи ман бинад ин паҳлавони баланд.