Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

230. ОВАРДАНИ ПИРОН КАЙХУСРАВРО ПЕШИ АФРОСИЁБ

Шаби тира, хангоми орому хоб Кас омад зи наздики Афросиёб. Шаҳи номвар паҳлавонро бихонд, Гузашта суханҳо бар ӯ-бар биронд. К-«Аз андешаи бад ҳамеша дилам Бупечад ҳаме, ғам зи дил нагсилам. Аз ин кӯдаке, к-аз Сиёвуш расид, Ту гуфтӣ маро рӯз шуд нопадид, Набери Фаридун шубон парварад, Зи рои баланд ин кай андарх(в)арад? Аз ӯ гар навишта ба ман-бар бадист, Нагардад ба парҳез, к-он эзадист. Чу кори гузашта нагирад ба ёд, Бувад шоду мо низ бошем шод. В-агар хеч хӯи бад ояд падид, Ба сони падар сар-ш бояд бурид». Бад-ӯ гуфт Пирон, ки «Эй шаҳрёр, Туро худ набояд кас омӯзгор. Яке кӯдаки хурд чун беҳушон Зи кори гузашта чӣ дорад нишон? Касеро, ки дар куҳ шубон парварад, Чу дому дад аст ӯ чӣ донад хирад? Шунидам зи доранда ин низ дӯш, Ки шуд он паричеҳр берою ҳуш. Ба чеҳру ба болост бобурзу фар, Хирад несташ дар сар, эй тоҷвар. Ту з-ин худ маяндешу з-ин сон макӯш, Чӣ гуфт он хирадманди бисёрҳуш, Ки парвардгор аз падар бартар аст, Ҳамон роз бо меҳрубон модар аст. Агар шоҳ фармон диҳад, дар замон Биёрам бараш он ситуда ҷавон. Нахустин зи паймон маро шод кун, Зи савганди шоҳон яке ёд кун. Фаридун ба тоҷу ба тахту кулоҳ Ҳаме доштӣ ростиро нигоҳ. Ҳамон Тур, к-аш бахту авранд буд, Ба додори кайҳон-ш савганд буд.