231. БОЗГАШТАНИ КАЙХУСРАВ БА СИЁВУШГИРД
Сипаҳбад бад-ӯ гуфт: «Лахте шитоб»,
Биёвардаш аз пеши Афросиёб.
Ба айвони хеш омад афрӯхта,
Хиромону чашми бадӣ дӯхта.
Ҳаме гуфт, к-аз довари рӯзгор
Дарахте нав омад ҷаҳонро ба бор.
Дари ганҷҳои куҳан боз кард,
Зи ҳар гунае шоҳро соз кард.
Зи дебову динору дурру гуҳар,
Зи аспу силеҳу кулоҳу камар.
Ҳам аз тахту ҳам бадраҳои дирам,
Зи густурданиҳову аз бешу кам
Ҳама пеши Кайхусрав овард зуд,
Ба доду диҳиш офарин барфузуд.
Гусӣ кардашон сӯи он ҷойгоҳ,
Ки созида буд хусрави некхоҳ.
Бирафтанд шодон бад-он шорсон,
Куҷо гашта буд он замон хорсон.
Фарангису Кайхусрав он ҷо расид,
Зи ҳар сӯ басе мардум омад падид.
Пазира сипарданд рӯи замин,
Забони ҳама шаҳр пурофарин,
К-аз он бехбарканда фаррухдарахт
Аз ин гуна шохе баровард бахт.
Зи шоҳи ҷаҳон чашми бад дур бод,
Равони Сиёвуш пур аз нур бод!
Ҳама хори он шаҳр шамшод гашт,
Гиё дар чаман сарви озод гашт.
Даду доми он шодмон гашт низ,
Зи ҷони Сиёвуш ба ҳар кас азиз.
Зи хоке, ки хуни Сиёвуш бих(в)ард,
Ба абр андаромад яке сабз нард.
Нигорида бар баргҳо чеҳри ӯй,
Ҳаме бӯи мушк омад аз меҳри ӯй.
Ба даймаҳ ба сони баҳорон будӣ,
Парастишгаҳи сӯгворон будӣ.
Чунин аст кирдори ин чархи пир,
Ситонад зи фарзанд пистони шир.