232. ШИКОЯТИ ФИРДАВСӢ АЗ ПИРИИ ХУД
Чу омад ба наздики сар теғи шаст,
Мадеҳ май, ки аз сол шуд мард маст.
Ба ҷои инонам асо дод сол,
Пароканда шуд молу баргашт ҳол.
Ҳамон дидабон бар сари кӯҳсор
Набинад ҳаме лашкари бешумор.
Кашидан зи душман надонад инон,
Агар пеши мижгонаш ояд синон.
Гироянда ду тезпои наванд,
Ҳамон шасти бадхоҳ кардаш ба банд.
Сароянда з-овоз баргашт сер,
Ҳамаш лаҳни булбул, ҳам овои шер.
Чу бардоштам ҷоми панҷоҳу ҳашт,
Нагирам ба ҷуз ёди тобуту дашт.
Дареғ он гулу мушки хушшоби сӣ,
Ҳамон теғи буррандаи порсӣ.
Нагардад ҳаме гирди насрин тазарв,
Гули норван хоҳаду шоҳи сарв.
Ҳаме хоҳам аз довари кирдгор,
Ки чандон амон ёбам аз рӯзгор,
К-аз ин номвар номаи бостон
Бимонам ба гетӣ яке достон.
Ки ҳар кас, ки андар сухан дод дод,
Зи ман ҷуз ба некӣ надорад ба ёд!
Бад-он гетиям низ хоҳишгар аст,
Ки бо зулфиқор асту бо минбар аст.
Манам бандаи аҳли байти набӣ,
Сарафканда бар хоки пои васӣ
Ба гуфтори деҳқон кунун бозгард,
Нигар, то чӣ гӯяд сароянда мард.