233. ОГОҲ ШУДАНИ КОВУС АЗ КОРИ СИЁВУШ
Чу огоҳӣ омад ба Ковусшоҳ,
Ки шуд рӯзгори Сиёвуш табоҳ,
Ба кирдори мурғон сарашро зи тан
Ҷудо кард солори он анҷуман.
Аз ин бегуноҳиш нахчир зор
Гирифтанд шеван ба ҳар кӯҳсор.
Бинолад ҳаме булбул аз шохи сарв
Чу дурроҷ зери гулон бо тазарв.
Ҳама буми Турон пур аз доғу дард,
Ба боғ-андарун барги гулнор зард.
Яке ташт бинҳод заррин Гурӯй,
Бупечид чун гӯсфандон-ш рӯй,
Буриданд аз тан сари шоҳвор,
На фарёдрас буду на хостор.
Чу ин гуфта бишнид Ковусшоҳ
Сари тоҷдораш нагун шуд зи гоҳ.
Ҳама ҷома бидриду рухро биканд,
Ба хок андаромад зи тахти баланд.
Бирафтанд бо мӯя эрониён,
Бар он сӯг баста саворон миён.
Ҳама дида пурхуну рухсора зард,
Забон аз Сиёвуш пур аз ёдкард.
Чу Тусу чу Гударзу Геви далер,
Чу Шопуру Фарҳоду Баҳроми шер.
Ҳама ҷома карда кабуду сиёҳ,
Ҳама хок бар сар ба ҷои кулоҳ.