Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

234. РАСИДАНИ РУСТАМ БА НАЗДИ КОВУС

Пас огоҳӣ омад сӯи Нимрӯз, Ба наздики солори гетифурӯз, Ки аз шаҳри Эрон баромад хурӯш, Зи марги Сиёвуш ҷаҳон шуд ба ҷӯш. Пароканд Ковус бар тоҷ хок, Ҳама ҷомаи хусравӣ кард чок. Сиёвахшро сар буриданд хор, Ба хок андаромад сари шаҳрёр. Таҳамтан чу бишнид, з-ӯ рафт ҳуш, Зи Зобул ба зорӣ баромад хурӯш. Ба ангушт рухсора барканд Зол Пароканд хок аз бари тоҷу ёл. Яке ҳафта бо сӯг гашта дижам, Ба ҳаштум баромад зи шайпур дам. Сипаҳ сар ба сар бар дари пилтан Зи Кашмиру Кобул шуданд анҷуман. Ба даргоҳи Ковус бинҳод рӯй, Ду дида пур аз хуну дил кинаҷӯй. Чу наздикии шаҳри Эрон расид, Ҳама ҷомаи паҳлавӣ бардарид. Ба додори доранда савганд х(в)ард, Ки ҳаргиз танам бесилеҳу набард Набошад, на рухро бишӯям зи хок, Сазад, гар набошем аз ин сӯгнок, Ки то кинаи шоҳ боз оварам, Сари душманон зери гоз оварам. Кулаҳхӯду шамшер ҷоми ман аст, Ба бозу хами хом доми ман аст. Магар кини он шаҳрёри ҷавон Бихоҳам аз он турки тираравон. Чу омад бари тахти Ковуси кай, Сараш буд пурхоку пурхок пай. Бад-ӯ гуфт: «Хӯи бад, эй шаҳрёр Парокандиву тӯҳмат омад ба бор. Туро ишқи Судобаву бадхуӣ. Зи сар баргирифт он кулоҳи каӣ. Кунун ошкоро бубинӣ ҳаме. Ки бар мавҷи дарё нишинӣ ҳаме.