Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

235. КУШТАНИ РУСТАМ СУДОБАРО ВА ЛАШКАР КАШИДАН

Нигаҳ кард Ковус дар чеҳри ӯй, Чунон ашки хунину он меҳри ӯй. Надод эч посух мар ӯро зи шарм, Фурӯ рехт аз дидагон оби гарм. Таҳамтан бирафт аз бари тахти ӯй, Сӯи кохи Судоба бинҳод рӯй. Зи парда ба гесӯш берун кашид, Зи тахти бузургиш дар хун кашид. Ба ханҷар ба ду нима кардаш ба роҳ, Наҷунбид бар тахт Ковусшоҳ. Биёмад ба даргоҳ бо сӯгу дард, Пур аз хун ду дида, ду рухсора зард. Ҳама шаҳри Эрон ба мотам шуданд. Пур аз дард наздики Рустам шуданд. Ба як ҳафта бо сӯгу бо оби чашм Ба даргоҳ биншаст бо дарду хашм. Ба ҳаштум бизад нои рӯину кӯс, Биёмад ба даргоҳ Гударзу Тус. Чу Шедушу Фарҳоду Гургину Гев Чу Руҳҳому Шопуру Харроди нев. Фарибурзу Ковусу Баҳароми шер, Гуроза, ки буд аждаҳои далер. Бад-эшон чунин гуфт Рустам, ки «Ман Бад-ин кин ниҳодам дилу ҷону тан, Ки андар ҷаҳон чун Сиёвуш савор Набандад камар низ як номдор. Чунин кор яксар мадоред хурд, Ки ин кинаро хурд натвон шумурд. Зи дилҳо ҳама тарс берун кунед, Заминро зи хун рӯди Ҷайҳун кунед. Ба Яздон, ки то дар ҷаҳон зиндаам, Ба дарди Сиёвуш дил огандаам. Бад-он шаххи бенам, куҷо хуни ӯй Фарӯ рехт нокордида Гурӯй, Бимолид хоҳам ҳаме чашму рӯй, Магар бар дилам кам шавад дарди ӯй. В-агар ҳамчунонам бар ӯ баста ҷанг, Ниҳода ба гардан барам полаҳанг,