236. КУШТАНИ ФАРОМАРЗ ВАРОЗОДРО
Сипаҳро Фаромарз буд пешрав,
Ки фарзанди ӯ буду солори нав.
Ҳаме рафт, то марзи Турон расид,
Ки аз дидагаҳ дидбонаш бидид.
Варозод шоҳи Сапеҷоб буд,
Миёни гавон дурри хушшоб буд.
Чу омад ба гӯш-андараш каррной,
Дами бӯқу овои ҳиндидарой.
Бизад кӯсу лашкар ба ҳомун кашид,
Зи ҳомун ба дарёи хун оварид.
Сипаҳ буд шамшерзан сӣ ҳазор,
Ки буданд шоистаи корзор.
Варозод аз қалби лашкар бирафт,
Биёмад ба назди Фаромарз тафт.
Бипурсиду гуфташ: «Чӣ мардӣ, бигӯй,
Чаро кардаӣ сӯи ин марз рӯй?
Ҳамоно ба фармони шоҳ омадӣ,
Гар аз паҳлавони сипоҳ омадӣ?
Надорӣ зи Афросиёб огаҳӣ,
Зи авранг в-аз тахту тоҷи меҳӣ?
Сазад, гар бигӯӣ маро номи хеш,
Бубинӣ бад-ин кор фарҷоми хеш,
Набояд, ки бе ном бар дасти ман
Равонат барояд зи торик тан».
Фаромарз гуфт: «Эй гави шӯрбахт,
Манам бори он паҳлавонидарахт.
Ки бар дасти ӯ шер печон шавад,
Чу хашм оварад, пил беҷон шавад.
Маро бо ту, бадгавҳари девзод,
Чаро кард бояд чиву чанд ёд?
Гави пилтан бо сипоҳ аз пас аст,
Ки андар ҷаҳон кинахоҳ ӯ бас аст.
Ба кини Сиёвуш камар бар миён
Бубасту биёмад чу шери жиён.
Барорад аз ин марзи беарз дуд.
Ҳаво гарди ӯро наёрад бисуд».
Варозод бишнид гуфтори ӯй,
Ҳама хом донист пайкори ӯй.