Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

237. ЛАШКАР КАШИДАНИ СУРХА БА ҶАНГИ РУСТАМ

В-аз он сӯ равон шуд наванде ба роҳ Ба наздики солори туронсипоҳ, Ки омад ба кин Рустами пилтан, Бузургони Эрон шуданд анҷуман. Варозодро сар буриданд зор Бароварда аз марзи Турон димор. Сипаҳро саросар ба ҳам барзаданд, Ба буму бараш оташ андарзаданд. Чу бишнид Афросиёб ин сухан, Ғамӣ гашт аз он гуфтаҳои куҳан Ки бишнида буд аз лаби бихрадон Зи ахтаршиносону аз мӯбадон. Зи кишвар саросар меҳонро бихонд, Дирам доду ганҷи куҳан барфишонд. Намонд эч дар дашт аспон яла, Биёвард чӯпон ба майдон гала. Дари ганҷу кӯполу баргустувон, Ҳамон теғу тиру камони гавон. Ҳамон ганҷи динору зарру гуҳар, Ҳамон афсару тавқу заррин камар. Зи дастуру ганҷур бистад калид, Ҳама коху майдон дирам густарид. Чу лашкар саросар шуд ороста, Бар эшон пароканда шуд хоста. Бизад кӯси рӯину ҳиндидарой, Саворон сӯи разм карданд рой. Шаҳаншаҳ чу аз Ганг берун кашид, Сипаҳро зи тангӣ ба ҳомун кашид. Зи кундоварон Сурхаро пеш хонд, Зи Рустам фаровон суханҳо биронд. Бад-ӯ гуфт: «Шамшерзан сӣ ҳазор Бубар номдор аз бари корзор. Ба сӯи Сапеҷоб рав ҳамчу бод, Зи орому шодӣ макун ҳеч ёд. Фаромарз он ҷост бо лашкараш Бибояд фиристод эдар сараш. Нигаҳ дор ҷон аз бади пури Зол, Ба ҷангат набошад ҷуз ӯ кас ҳамол.