238. ЛАШКАР КАШИДАНИ АФРОСИЁБ БА КИНИ ПИСАР
Чу лашкар биёмад зи дашти набард,
Танон пур зи хуну сарон пур зи гард.
Бигуфтанд, к-он номвар кушта шуд,
Чунон давлати тез баргашта шуд.
Бурида сарашро нагунсор кард,
Танашро ба хун ғарқа бар дор кард.
Ҳама шаҳри Эрон камар бастаанд,
Зи кини Сиёвуш ҷигар хастаанд.
Нагун шуд сару тоҷи Афросиёб,
Ҳаме канд мӯю ҳаме рехт об.
Ҳама ҷомаи хусравӣ кард чок,
Хурӯшон ба сар-бар барафшонд хок.
Ҳаме гуфт: «Родо, далеро, гаво,
Саро, номдоро, яло, хусраво!
Дареғ он рухи арғавонӣ чу моҳ,
Дареғ он бару бурзу болои шоҳ.
Наҷӯяд падар ҳеч оромгоҳ,
Магар зини чарма ба овардгоҳ».
Чунин гуфт бо лашкар Афросиёб,
Ки «Бар мо сар омад кунун хӯрду хоб.
Ҳама кинаро чашм равшан кунед,
Ниҳолӣ зи хафтону ҷавшан кунед».
Чу бархост овои кӯс аз дараш,
Бипӯшид ҷавшан ҳама лашкараш.
Бизад нои рӯин абар пушти пил,
Ҷаҳон шуд зи лашкар чу дарёи Нил.
Чу бар кӯҳаи пил барбаст кӯс,
Ҳаме осмон бар замин дод бӯс.
Ба гурдони лашкар-ш овоз кард,
Ки «Эй номдорону мардони мард,
Чу бархезад овози кӯс аз ду рӯй,
Наҷӯяд замон марди пархошҷӯй.
Ҳама размро дил пур аз кин кунем,
Тани душманон ҷои жӯпин кунем».
Бигуфт ину фармуд, то каррной
Дамиданд бо синҷу ҳиндидарой.
Хурӯш омаду нолаи говдум,
Дами нои сарғину рӯинахум.