239. КУШТА ШУДУНИ ПИЛСАМ БА ДАСТИ РУСТАМ
Биёмад ба қалби сипаҳ Пилсам,
Диле пур зи кин, чеҳра карда дижам.
Чунин гуфт бо шоҳи туронсипоҳ,
Ки «Эй пурхирад, номбардор шоҳ,
Гар эдун, ки аз ман надорӣ дареғ,
Яке бора бо ҷавшану тарку теғ,
Або Рустам имрӯз ҷанг оварам,
Ҳама номи ӯ зери нанг оварам.
Ба пеши ту орам сару Рахши ӯй,
Ҳамон гурзу теғи ҷаҳонбахши ӯй».
Аз ӯ шод шуд ҷони Афросиёб,
Сари найза бугзошт аз офтоб.
Бад-ӯ гуфт, к- «Эй номбардор шер,
Ҳамоно, ки пилат наёрад ба зер,
Агар пилтанро ба чанг оварӣ,
Замона баросояд аз доварӣ.
Ба Турон набошад чу ту кас ба ҷоҳ,
Ба тахту ба мӯҳру ба теғу кулоҳ.
Ба гардонсипеҳр андарорӣ сарам,
Супорам ба ту духтару афсарам.
Аз Эрону Турон ду баҳр они туст,
Ҳамон гавҳару ганҷу шаҳр они туст».
Чу бишнид Пирон, ғамӣ гашт сахт,
Биёмад бари шоҳи пирӯзбахт.
Бад-ӯ гуфт, к-«Ин марди барнои тез
Ҳаме бо тани хеш дорад ситез.
Гар ӯ бо Таҳамтан набард оварад,
Сари хештан зери гард оварад.
Ҳаме дар гумон афтад аз номи хеш,
Набинад ҳаме кому фарҷоми хеш.
Бувад з-ин сухан низ бар шоҳ нанг,
Шикаста шавад дил сипаҳро ба ҷанг.
Бародар ту донӣ, ки кеҳтар бувад,
Фузунтар бар ӯ меҳри меҳтар бувад».
Ба Пирон чунин гуфт пас Пилсам,
К-«Аз ин паҳлавон дил надорам дижам.
Агар ман кунам ҷанг, ҷанги наҳанг,
Наёрам ба бахти ту бар шоҳ нанг.