Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

240. ГУРЕХТАНИ АФРОСИЁБ АЗ РУСТАМ

Чунин гуфт бо лашкар Афросиёб, Ки «Бедор бахт андаромад ба хоб. Агар сустӣ оред як тан ба ҷанг, Намонад маро ҷойгоҳи диранг. Як имрӯз рои паланг оваред, Зи ҳар сӯ бароеду ҷанг оваред. Парешон зи ҳар сӯ камин оваред, Ба найза хур андар замин оваред». Биёмад худ аз қалби туронсипоҳ, Бари Тус шуд доғдил, кинахоҳ. Аз Эрон фаровон саронро бикушт, Ғамӣ шуд дили Тусу бинмуд пушт. Бари Рустам омад яке чораҷӯй, Ки имрӯз аз ин кор шуд рангу бӯй. Ҳама маймана шуд чу дарёи хун Дурафши саворони Эрон нагун. Биёмад зи қалби сипаҳ пилтан, Паси ӯ Фаромарз бо анҷуман. Сипардори бисёр дар пеш буд, Ки дилшон зи Рустам бадандеш буд. Ҳама хешу пайванди Афросиёб, Ҳама дил пур аз кину сар пуршитоб. Аз эшон фаровон Таҳамтан бикушт, Фаромарзу Тус андаромад ба пушт. Чу Афросиёб он дурафши бунафш Нигаҳ кард бо ковиёнӣ дурафш, Бидонист, к-он пилтан Рустам аст, Сарафроз в-аз тухмаи Найрам аст. Барошуфт бар сони ҷангӣ паланг, Бияфшурд рон, пеши ӯ шуд ба ҷанг. Чу Рустам дурафши сияҳро бидид, Ба кирдори шери жиён бардамид. Ба ҷӯш омад он номбардор гурд, Инонро ба Рахши таковар супурд. Баровехт бо саркаш Афросиёб, Зи пайкон-ш хун рафт чун ҷӯи об. Хаданге, ки солори туронсипоҳ Бизад бар бари Рустами кинахоҳ,