241. ФИРИСТОДАНИ АФРОСИЁБ КАЙХУСРАВРО БА ХУТАН
Чу хуршед бар зад сар аз кӯҳсор,
Бигустурд ёқут бар пушти қор.
Хурӯш омаду нолаи каррной,
Таҳамтан барангехт лашкар зи ҷой.
Ниҳоданд сар сӯи Афросиёб,
Ҳама рух зи хуни Сиёвуш пуроб.
Чу бишнид, к-омад паси ӯ сипоҳ,
Таҳамтан ба пеш-андарун кинахоҳ.
Биёвард лашкар ба дарёи Чин,
Бар ӯ танг шуд паҳн рӯи замин.
Бад-он гаҳ куҷо хост бугзошт об,
Ба Пирон Чунин гуфт Афросиёб.
Ки «Дар кори ин кӯдаки шумтан
Ҳушивор бо ман яке рой зан,
Ки гар Рустам ӯро ба ҷанг оварад,
Мар ӯро сӯи шаҳри Эрон барад.
Аз ин девзода яке шоҳи нав
Нишонанд бо тоҷ бар гоҳи нав.
Мар ӯро биёвар бар ин рӯи об,
Дарафкан в-аз ин рои ман сар матоб».
Чунин гуфт Пирон ба Афросиёб,
Ки «Бар куштани ӯ набояд шитоб.
Ман ӯро яке чора созам, ки шоҳ
Писандад аз ин бандаи некхоҳ.
Мар ӯро биёрем бо хештан,
Барему нишонемаш андар Хутан.
Набояд, ки якбора аз бад куниш
Бувад шоҳро ҷовидон сарзаниш».
Бад-ӯ гуфт шоҳ: «Эй худованди рой,
Маро бар накӯӣ туӣ раҳнамой.
Ба зудӣ бар ин кор кардан басеч,
Набояд диранг андар ин кор ҳеч».
Пас он гоҳ Пирон фиристодае,
Яке донишимарди озодае
Фиристод, то оварад шоҳро,
Фиристода бубрид он роҳро.
Ҳаме рафт тозон ба кирдори дуд,
Чунон чун сипаҳбад-ш фармуда буд.