Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

242. ПОДШОҲИИ РУСТАМ ДАР ТУРОНЗАМИН ҲАФТ СОЛ БУД

Сипаҳбад гави пилтан бо сипоҳ Сӯи Чину Мочин даромад зи роҳ. Ҳама марзи Чин бо Хитову Хутан Гирифташ ба бозуи шамшерзан. Таҳамтан нишаст аз бари тахти ӯй, Ба хок андаромад сари бахти ӯй. Яке достон зад гав андар нахуст, Ки пурмоя он кас, ки душман биҷуст. Чу бадхоҳ пеш оядат, кушта беҳ, Гар овора, аз ҷанг баргашта беҳ. Зи айвон ҳама ганҷи ӯ бозҷуст, Бигуфтанд бо вай якояк дуруст. Ғуломону аспу парастандагон, Ҳамон номвар хубрух бандагон. Дари ганҷи динору пурмоя тоҷ, Ҳамон ҷомаву дебаву тахти оҷ Якояк зи ҳар сӯ ба чанг омадаш, Басе гавҳар аз ганҷи Ганг омадаш. Сипаҳ сар ба сар з-он тавонгар шуданд, Чу бо ёраву тавқу афсар шуданд. Яке Тусро дод он тахти оҷ, Ҳамон ёраву тавқу маншури Чоҷ. Бад-ӯ гуфт: «Он кас, ки тоб оварад, Дигар ёди Афросиёб оварад, Ҳамон гаҳ сарашро зи тан дур кун, В-аз он каргасонро яке сур кун. Касе, к-ӯ хирад ҷӯяду эманӣ, Натозад сӯи кеши оҳарманӣ. Чу фарзанд бояд, ки дорӣ ба ноз, Зи ранҷ эмин, аз хоста бениёз. Ту беранҷро ранҷ манмой хеч, Ҳама мардиву дод додан басеч, Ки гетӣ сипанҷ асту ҷовид нест, Фаре бартар аз фарри Ҷамшед нест. Сипеҳри баландаш ба пой оварид, Ҷаҳонро ҷуз ӯ кадхудой оварид». Яке тоҷи пургавҳари шоҳвор, Яке тахт бо тавқу бо гӯшвор,