Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

243. РАФТАНИ ЗАВОРА БА ШИКОРГОҲИ СИЁВУШ

Чунон буд, ки рӯзе Завора бирафт, Ба нахчири гӯрон хиромид тафт. Яке турк, то бошадаш раҳнамой, Ба пеш андарафканду омад ба ҷой. Яке беша дид андар он паҳндашт, Ки гуфтӣ бар ӯ-бар нашояд гузашт. Зи бас рангу бӯю зи оби равон Ту гуфтӣ, к-аз ӯ тоза гардад равон. Пас он турки хира забон баркушод, Ба пеши Завора сухан кард ёд, Ки нахчиргоҳи Сиёвуш буд ин, Бад-ин буд меҳраш ба Туронзамин. Бад-ин ҷойгаҳ шоду хуррам будӣ, Ҷуз эдар дигар ҷой бо ғам будӣ. Завора чу бишнид з-ӯ ин сухан, Бар ӯ тоза шуд рӯзгори куҳан. Чу гуфтори он туркаш омад ба гӯш, Фуруд омад аз аспу з-ӯ рафт ҳуш. Яке боз будаш ба даст-андарун, Раҳо карду мижгон шудаш пур зи хун. Расиданд ёрону лашкар бар ӯй, Ғамӣ ёфтандаш, пур аз об рӯй. Гирифтанд нафрин бар он раҳнамой, Ба захмаш фиканданд ҳар як зи пой. Завора яке сахт савганд х(в)ард, Фурӯ рехт аз дидагон оби зард, К-аз ин пас на нахчир ҷӯям, на хоб Напардозам аз кини Афросиёб. Намонам, ки Рустам баросояд эч, Ҳама ҷангро кард бояд басеч. Ҳамон гаҳ ки назди Таҳамтан расид, Хурӯшид, чун рӯи ӯро бидид. Бад-ӯ гуфт: «Эдар ба кин омадем Ва ё лаб пур аз офарин омадем? Чу Яздони некидиҳиш зӯр дод, Зи ахтар туро гардиши хур дод, Чаро бояд ин кишвар обод монд, Якеро бар ин буму бар шод монд?