Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

244. ВАЙРОН КАРДАНИ РУСТАМ ТУРОНЗАМИНРО

Барангехт дилорамида зи ҷой, Таҳамтан ҳамон кард, к-ӯ дид рой. Ҳама ғорату куштан андаргирифт, Ҳама буму бар даст бар сар гирифт. Зи Туронзамин то ба Суқлобу Рум Надиданд як марзи ободбум. Ҳама сар буриданд барнову пир, Зану кӯдаки хурд карданд асир. Баромад зи кишвар саросар димор Бар ин гуна фарсанг беш аз ҳазор. Ҳар он ҷо, ки буд меҳтаре богуҳар Ҳама пеш рафтанд бар хок сар, Ки безор гаштем з-Афросиёб, Нахоҳем дидори ӯро ба хоб. Аз он хун, ки ӯ рехт бар бегуноҳ, Касеро набуд андар он рою роҳ. Кунун анҷуман гар парокандаем, Ҳама пеши ту як ба як бандаем. Чу чира шудӣ, бегунаҳ хун марез, Макун бо ҷаҳондор Яздон ситез. Надонад касе к-он сипаҳбад куҷост? Дуруст аст, ё дар дами аждаҳост? Чу бишнид гуфтори он анҷуман, Бупечид бино дили пилтан. Саронро зи лашкар саросар бихонд, Сипаҳ сӯи Қочорбошӣ биронд. Шуданд анҷуман пеши ӯ бихрадон, Бузургони корозмуда радон, Ки Ковуси бефарру бепарру пой, Нишастаст бар тахт бераҳнамой. Гар Афросиёб аз раҳе бедиранг Ба Эрон яке лашкар орад ба ҷанг, Биёбад бар он пир Ковус даст, Шавад кому ороми мо пок паст. Якояк ҳама ному кин тӯхтем, Ҳама шаҳри ободи ӯ сӯхтем. Кунун назди он пирхусрав шавем, Чу базм оядаш, ҳар яке нав шавем.