245. БОЗРАФТАНИ РУСТАМ БА ЭРОНЗАМИН
Таҳамтан чу бишнид, шарм омадаш,
Ба рафтан яке рои гарм омадаш.
Биёвард аспон зи ҳар сӯ гала,
Ки буданд бар дашти Турон яла.
Ғулому парастандагон даҳ ҳазор
Биёвард шоистаи шаҳрёр.
Ҳамон нофаи мушку мӯи самур,
Зи санҷобу қоқум, зи кимолу бур.
Ба мӯю ба бӯю ба динору зар
Шуд ороста пушти пилони нар.
Зи густурданиҳову аз бешу кам,
Зи пӯшиданиҳову ганҷу дирам,
Зи теғу силеҳу зи тоҷу зи тахт
Ба Эрон кашиданду барбаст рахт.
Зи Турон сӯи Зобулистон шуданд,
Ба наздики фархунда Дастон шуданд.
Сӯи Порс шуд Тусу Гударзу Гев,
Чунон лашкаре номбардори нев.
Ниҳоданд сар сӯи шоҳи ҷаҳон,
Чунон номдорону фаррухмеҳмон.
Чу бишнид бадгавҳар Афросиёб,
Ки шуд Тусу Рустам бар он рӯи об,
Шуд аз Бохтар сӯи дарёи Ганг,
Диле пур зи кина, саре пур зи ҷанг.
Ҳама бум зеру забаркарда дид,
Меҳон куштаву кеҳтарон барда дид.
На аспу на ганҷу на тоҷу на тахт,
На шодоб бар шох барги дарахт.
Ҷаҳоне зи оташ барафрӯхта,
Ҳама кохҳо кандаву сӯхта.
Зи дида биборид хуноб шоҳ,
Чунин гуфт бо меҳтарони сипоҳ,
Ки «Ҳар кас, ки ин бад фаромуш кунад,
Ҳаме ҷони бедор беҳуш кунад.
Ҳама як ба як дил пур аз кин кунед,
Сипар бистару тарг болин кунед.
Ба Эронзамин разму кин оварем,
Ба ҷанг осмон бар замин оварем.