Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

246. ДИДАНИ ГУДАРЗ КАЙХУСРАВРО БА ХОБ

Чунон дид Гударз як шаб ба хоб, Ки абре баромад аз Эрон пуроб. Бар он абри борон нишаста Суруш, Ба Гударз гуфтӣ, ки букшой гӯш. Зи тангӣ чу хоҳӣ, ки гардӣ раҳо Аз ин бадкуниш турки нараждаҳо Ба Турон яке шаҳрёри нав аст, Куҷо номи ӯ шоҳ-Кайхусрав аст. Зи пушти Сиёвуш яке шаҳрёр, Ҳунарманд в-аз гавҳари номдор. Сарафроз в-аз тухмаи Кайқубод, Зи модар сӯи Тур дорад нажод. Ба Эрон чу ояд паи фаррухаш, Зи чарх он чи пурсад, диҳад посухаш. Миёнро бубандад ба кини падар, Кунад кишвари Тур зеру забар. Ба дарёи қулзум ба ҷӯш орад об, Нахорад сар аз кини Афросиёб. Ҳамасола дар ҷавшани кин бувад, Шабу рӯз дар ҷанг бар зин бувад. Зи гурдони Эрону гарданкашон, Наёбад ҷуз аз Гев кас з-ӯ нишон Чунин аст фарҷоми кори сипеҳр, Бад-ӯ довар аз дод густурда меҳр. Чу аз хоб Гударз бедор шуд, Ситоишкунон пеши додор шуд. Бимолид бар хок риши сапед. Зи шоҳи ҷавон шуд дилаш пурумед. Чу хуршед пайдо шуд аз пушти роғ, Баромад ба кирдори равшан чароғ. Сипаҳбад нишаст аз бари тахти оҷ, Биёрост айвон ба курсии соҷ. Пурандеша дил, Гевро пеш хонд, В-аз он хоб чанде суханҳо биронд. Бад-ӯ гуфт: «Фаррух паю рӯзи ту, Ҳамон ахтари гетиафрӯзи ту. Ту то зодӣ аз модари б-офарин, Пур аз офарин шуд саросар замин.