247. РАФТАНИ ГЕВ БА ТУРОН БА ҶУСТАНИ КАЙХУСРАВ
Чу хуршеди рахшанда омад падид,
Замин шуд ба сони гули шанбалид.
Биёмад камарбаста Геви далер,
Яке боркаш бодпое ба зер.
Бад-ӯ гуфт Гударз: «Ёри ту чист,
Ба роҳ-андарун бо ту ҳамроҳ кист?»
Ба Гурдарз гуфт: «Эй ҷаҳонпаҳлавон,
Далеру сарафрозу равшанравон,
Камандеву аспе маро ёр бас,
Нашояд кашидан бад-он марз кас.
Чу мардум барам, хостор оядам,
Аз он пас маро корзор оядам.
Каманде ба фитроку аспе давон,
Парандовару ҷомаи ҳиндувон.
Маро дашту кӯҳ аст якчанд ҷой,
Магар пешам ояд яке раҳнамой.
Нашояд, ки дар шаҳрҳо бугзарам,
Маро боздонанду кайфар барам.
Ба пирӯз бахти ҷаҳонпаҳлавон
Биёям барат шоду равшанравон.
Ту мар Бежани хурдро дар канор
Бипарвар, нигаҳ дор аз рӯзгор.
Биёмӯзаш ороиши размро,
Нашояд магар разм ё базмро.
Бад-ин кӯдакӣ ман аз ӯ дидаам,
Зи мардӣ, ки ӯро писандидаам.
Ту падруд бошу маро ёд дор,
Равонро зи дарди ман озод дор.
Надонам, ки дидор бошад ҷуз ин,
Чӣ донем рози ҷаҳонофарин.
Чу шӯӣ зи баҳри парастиш рухон,
Ба ман-бар ҷаҳонофаринро бихон.
Ки ӯяст бартар зи ҳар бартаре,
Ҳамон бандаи ӯст ҳар меҳтаре.
На бе рои ӯ гардад ин рӯзгард,
На бе амри ӯ бошад ин хобу х(в)ард.
Замину замону макон офарид,
Тавоноеву нотавон офарид.