Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

248. ЁФТАН КАЙХУСРАВРО

Ҳаме рафт ҳар ҷой чун беҳушон, Магар ёбад аз шоҳзода нишон. Чунин то баромад бар ин ҳафт сол, Миён суда аз теғу банди дувол. Хуриш гӯру пӯшиш ҳама чарми гӯр, Гиё хӯрд гоҳеву гоҳ оби шӯр. Ҳаме гашт гирди биёбону кӯҳ, Ба ранҷу ба сахтиву дур аз гурӯҳ. Бад-он гаҳ ки Рустам бар ин рӯи об Биёвард лашкар ҳам андар шитоб. Сипаҳдори Турон ба Ганг омада, Дигарбора Турон ба ҷанг омада. Ба Пирон бифармуд пас шаҳрёр, Ки Кайхусрави шумро эдар ор! Зи Мочин биёвар, ба модар диҳаш, Бар ӯ ҳар сӯе дор баста раҳаш! Фиристод Пирон ҳам андар замон Фиристодае бар ҳаюни чамон. Биёвард пури Сиёвахшро, Ҷавони хирадманди ҷонбахшро. Супурдаш ба модар бад-он ҷойгоҳ, Баромад бар ин низ якчанд гоҳ. Чу Геви диловар ба Туронзамин Бад-ин сон ҳаме гашт андӯҳгин, Чунон шуд, ки рӯзе пурандеша шуд, Ба наздикии номвар беша шуд. Бад-он марғзор андаромад дижам, Ҷаҳон хурраму Гевро дил ба ғам. Замин сабзу ҷӯе пур аз об дид, Ҳама ҷои оромишу хоб дид. Фуруд омаду аспро даргузошт, Бихуфту ҳаме дил пурандеша дошт. Ҳаме гуфт: «Моно, ки деви палид Бари паҳлавон буд, к-он хоб дид. Зи Кайхусрав эдар наёбам нишон, Чӣ дорам ҳаме хештанро кашон. Кунун гар ба разманд ёрони ман, Ба базм-андарун ғамгусорони ман,