249. РАФТАНИ ГЕВ ВА КАЙХУСРАВ БА СИЁВУШГИРД
Сипаҳбад нишаст аз бари аспи Гев,
Ҳаме рафт пеш-андарун Геви нев.
Яке теғи ҳиндӣ гирифта ба чанг,
Ҳар он кас, ки пеш омадӣ бедиранг,
Задӣ Геви бедордил гарданаш,
Ба зери гилу хок кардӣ танаш.
Бирафтанд сӯи Сиёвушгирд,
Чу омад ду танро дилу ҳуш гирд.
Фарангисро низ карданд ёр,
Ниҳонӣ бар он барниҳоданд кор,
Ки ҳар се ба роҳ андароранд рӯй
Ниҳон аз далерони пархошҷӯй.
Фарангис гуфт: «Ар диранг оварем,
Ҷаҳон бар дили хеш танг оварем.
Аз ин огаҳӣ ёбад Афросиёб,
Насозад ба хӯрду наёзад ба хоб.
Биёяд ба кирдори деви сапед,
Дил аз ҷони ширин шавад ноумед.
Якеро зи мо зинда андар ҷаҳон
Намонад ҳаме ошкору ниҳон.
Ҷаҳон пур зи бадхоҳу пур душман аст,
Ҳама марзи мо ҷои оҳарман аст.
Ту, эй б-офарин фарру фарзанди ман,
Шунав, то бигӯям, яке панд ман.
Яке марғзор аст аз эдар на дур,
Ба як сӯ зи роҳи саворони Тур.
Ту бардор зину лагоми сиёҳ,
Бирав сӯи он марғзорон пагоҳ.
Бубинӣ яке кӯҳ сар бар сипеҳр,
Ки бар вай бисояд ҳаме абр чеҳр.
Ба боло бароӣ, яке марғзор
Бубинӣ ба кирдори хуррамбаҳор.
Яке ҷӯйбор асту оби равон,
Зи дидори ӯ тоза гардад равон.
Чу хуршед бар теғи гунбад шавад,
Дари хоб рои сипаҳбад бувад.
Гала ҳар чи ҳаст андар он марғзор,
Ба обишхур ояд сӯи ҷӯйбор.