250. ГИРИФТАНИ КАЙХУСРАВ БЕҲЗОДРО
Нишаст аз бари асп солори нев,
Пиёда ҳаме рафт дар пеши Гев.
Бад-он тундболо ниҳоданд рӯй,
Чунон чун бувад мардуми чораҷӯй,
Фасила чу омад ба танги фароз,
Бихӯрданду сероб гаштанд боз.
Шитобон бишуд Хусрави сарфароз,
Ба наздики он чашма чун шуд фароз,
Ба Беҳзод бинмуд зину лагом,
Бад-он, то барояд-ш аз он кор ком.
Нигаҳ кард Беҳзоду кайро бидид,
Яке боди сард аз ҷигар баркашид.
Бидид он нишасти Сиёвуш паланг,
Рикеби дарозу ҷаноҳи хаданг.
Ҳаме дошт бар обхур пои хеш,
Аз он ҷо, ки буд, пой нанҳод пеш.
Чу Кайхусрав ӯро ба ором ёфт,
Бипӯиду бо зин сӯи ӯ битофт.
Ҳаме буд барҷой шабрангзод,
Зи ду чашми ӯ чашмаҳо баркушод.
Сипаҳдор бо Гев гирён шуданд,
Чу бар оташи тез бирён шуданд.
Кушоданд аз дидагон ҳар ду об,
Забон пур зи нафрини Афросиёб.
Бимолид дасташ абар чашму рӯй,
Бару ёл бибсуду бишхуд мӯй.
Лагомаш ба сар карду зин барниҳод,
Ҳаме аз падар кард бо дард ёд.
Чу биншаст бар зин, бияфшурд рон,
Баромад зи ҷой он ҳаюни гарон.
Ба кирдори боди ҳаво бардамид,
Бипарриду аз Гев шуд нопадид.
Ғамӣ шуд дили Геву хира бимонд,
Бад-он хирагӣ номи Яздон бихонд.
Ҳаме гуфт, к-оҳармани чораҷӯй,
Яке борагӣ гашту бинмуд рӯй.
Кунун ҷони хусрав шуду ранҷи ман,
Ҳаме ранҷ буд дар ҷаҳон ганҷи ман.