251. РАФТАНИ ФАРАНГИС БО КАЙХУСРАВ ВА ГЕВ БА ЭРОН
Чу ин карда шуд, барниҳоданд зин
Бар он бодпоёни боофарин.
Фарангис тарге ба сар барниҳод,
Бирафтанд ҳар се ба кирдори бод.
Сарон сӯи Эрон ниҳоданд гарм,
Ниҳонӣ чунон чун бувад нарм-нарм.
Намонд ин сухан як замон дар нуҳуфт,
Кас омад ба наздики Пирон, бигуфт,
Ки «Омад зи Эрон сарафроз Гев,
Ба наздики бедордил шоҳи нев.
Сӯи шаҳри Эрон ниҳоданд рӯй,
Фарангису шоҳу яли ҷангҷӯй».
Чу бишнид Пирон, ғамӣ гашт сахт,
Биларзид бар сони шохи дарахт.
Ҳаме гуфт бо дил, ки омад падид,
Сухан ҳар чи гӯшам зи меҳтар шунид,
Чӣ гӯям кунун пеши Афросиёб,
Маро гашт наздики ӯ тира об.
Зи гурдон гузин кард Гулбодро,
Чу Настеҳани гурд Пӯлодро.
Бифармуд, то турк сесад савор
Бирафтанд гирд аз дари корзор.
Чунин гуфт Пирон ба лашкар, ки Ҳин
Махоред сарҳо абар пушти зин.
Сари Гев бар найза созед", гуфт,
Фарангисро хок бояд нуҳуфт.
"Бубандед Кайхусрави шумро,
Бадахтарпаи бебару бумро.
Агар об бугзорад он баднишон,
Чӣ орад бар ин марзу ин саркашон".
Сипоҳе бар ин гуна гурду ҷавон,
Бирафтанд бедор ду паҳлавон.
Фарангис бо ранҷдида писар
Ба хоб андароварда буданд сар.
Зи паймудани роҳу ранҷи шабон
Мар он ҳар дуро Гев буд посбон.
Ду тан хуфтаву Гев бо ранҷу хашм,
Ба роҳи саворон ниҳода ду чашм.