252. ГУРЕХТАНИ ГУЛБОД ВА НАСТЕҲАН АЗ БАРИ ГЕВ
Чу аз дур гарди сипаҳро бидид,
Бизад дасту теғ аз миён баркашид.
Хурӯше баровард бар сони абр,
Ки торик шуд мағзу ҷони ҳизабр.
Миёни саворон даромад чу гард,
Зи пархоши ӯ хок шуд лоҷвард.
Замоне ба ханҷар, замоне ба гурз,
Ҳаме рафт оҳан зи болои бурз.
Аз он захми кӯполи Геви далер,
Саронро ҳама сар шуд аз ҷанг сер.
Дили Гев чунон шуд аз дарду хашм,
Ки чун чашма будиш дарё ба чашм.
В-аз он пас гирифтанд андар миён
Чунон лашкари гашну шери жиён.
Зи найза наистон шуд овардгоҳ,
Бипӯшид дидори хуршеду моҳ.
Ғамӣ шуд дили шер дар найситон,
Зи хун найситон гашт чун майситон.
Аз эшон фаровон бияфканд Гев,
Сутӯҳ омаданд он саворони нев.
Ба Настеҳани гурд Гулбод гуфт,
Ки «Ин кӯҳи хорост бо ёлу суфт.
Бидон, к-ин ҳама фарри Кайхусрав аст,
На аз захми кӯполи Геви гав аст.
Надонам чӣ ояд бар ин буму бар,
Зи фармони Яздон кӣ ёбад гузар?
Зи гуфтори ахтаршиносон нишон
Бад ояд ба Турону бар саркашон».
Яке ҳамла карданд бар сони шер
Бад-он лашкари гашн бо доругир.
Хурӯш омаду нолаи каррной,
Ҳаме кӯҳро дил баромад зи ҷой.
Ҳама ғору ҳомун пур аз кушта шуд,
Зи хун хок чун арғавон гашта шуд.
Гурезон бирафтанд яксар сипоҳ
Зи Геви сарарози лашкарпаноҳ,
Ҳама хаставу кушта гаштанд боз
Ба наздики Пирони гарданфароз.