253. ОМАДАНИ ПИРОН АЗ ПАИ КАЙХУСРАВ
Зи лашкар гузин кард Пирон савор,
Далерону ҷангӣ ду раҳ се ҳазор.
Бад-эшон чунин гуфт Пирон, ки «Зуд
Инони таковар бибояд бисуд.
Шабу рӯз бар сони шери жиён
Зи рафтан набояд кушодан миён.
Ки гар Геву Хусрав ба Эрон шаванд,
Занон андар Эрон чу шерон шаванд.
Намонад бар ин буму бар хоку об
В-аз ин доғдил гардад Афросиёб.
Бад-ин рафтан аз ман шиносад гуноҳ,
На аз гардиши ахтару хуру моҳ».
Ба гуфтори ӯ сар барафрохтанд,
Шабу рӯз яксар ҳаме тохтанд.
Чунин то биёмад яке жарфрӯд,
Сипаҳ шуд пароканда бе тору пуд.
Бунаш жарфу паҳнош кӯтоҳ буд,
Бад-он рафтани мард гумроҳ буд.
Буд он обро ном Гулзарриюн,
Будӣ дар баҳорон чу дарёи хун.
Ба дигар карон хуфта буд Геву шоҳ,
Нишаста Фарангис бар дидагоҳ.
Фарангис аз он ҷойгаҳ бингарид,
Дурафши сипаҳдори Турон бидид.
Давон шуд бари Геву огоҳ кард,
Бад-он хуфтагон хоб кӯтоҳ кард.
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй марди боранҷ, хез,
Ки омад туро рӯзгори гурез.
Яке лашкар омад паси мо дамон,
Битарсам, ки танг андарояд замон.
Туро гар биёбанд, беҷон кунанд,
Дили мо зи дарди ту печон кунанд.
Маро бо писар ҳар ду дида пуроб
Барад баста наздики Афросиёб.
В-аз он пас надонам чӣ ояд зи банд,
Надонад касе рози чархи баланд».
Бигуфту бихӯрданд чизе, ки буд,
Шаҳаншоҳ бо Геви пурдил ғунуд.