254. ҶАНГИ ПИРОН БО ГЕВ
Бипӯшид диръу биёмад чу шер,
Ҳамон бораи кӯҳпайкар ба зер.
Аз ин сӯ сипаҳбад в-аз он сӯ сипоҳ,
Миёнҷӣ шуда рӯду барбаста роҳ.
Чу раъди баҳорон биғуррид Гев,
Зи солори лашкар ҳаме ҷуст нев.
Барошуфт Пирону дашном дод,
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй бадраги баднажод,
Ту танҳо бад-ин размгоҳ омадӣ,
Диловар ба пеши сипоҳ омадӣ.
Кунун хӯрданат захми жӯпин бувад,
Танатро кафан чанги шоҳин бувад.
Ту гар кӯҳи оҳан бувӣ як савор,
Чу мӯр андароянд гирдат ҳазор,
Кунанд ин зиреҳ дар барат чок-чок,
Чу мурдор он гаҳ кашандат ба хок.
Яке достон зад ҳизабри дамон,
Ки чун бар гавазне сар ояд замон,
Замона бар ӯ дам ҳаме бишмарад,
Биёяд, ки бар шери нар бугзарад.
Замон оваридат кунун пеши ман,
Ҳамон пеши ин номдор анҷуман.»
Аз он пас биғуррид Геви сутург,
Сари саркашон паҳлавони бузург,
Ки «Эй турки бадгавҳари девзод,
Ки чун ту сипаҳбад ба гетӣ мабод!
Ба кини Сиёвуш маро дидаӣ,
Ҳамоно, ки размам писандидаӣ,
Ки чандон бузургону туркони Чин
Табаҳ гашта бар дасти ман рӯзи кин.
Ба тороҷ додам ҳама хони ту,
Газанд омад аз ман абар ҷони ту.
Ду меҳтар занат буд абар анҷуман,
Асир оваридам кашон аз Хутан.
Яке хоҳарат буд, дигар занат,
Ки ларзон будандӣ ба ҷону танат.
Ду турки дижамро чу ман дидамаш,
Ба камтар яке банда бахшидамаш.