255. ГИРИФТОР ШУДАНИ ПИРОН ДАР ДАСТИ ГЕВ
Чу бишнид Пирон, баровард хашм,
Дилаш гашт пурҷӯшу, пуроб чашм.
Барангехт аспу бияфшурд рон,
Ба гардан баровард гурзи гарон.
Чу киштӣ зи дашт андаромад ба руд,
Ҳаме дод некидиҳишро дуруд.
Накард эч Гев озмунро шитоб,
Бад-он то сипаҳбад баромад зи об.
Зи ҷангаш ба пастӣ бупечид Гев,
Гурезон ҳаме рафт солори нев.
Ҳамовард бо Гев наздик шуд,
Ҷаҳон чун шаби тира торик шуд.
Чу аз об в-аз лашкараш дур кард,
Ба зин андарафканд гурзи набард.
Яке ҳамла овард бар паҳлавон,
Ту гуфтӣ, ки буд аждаҳои дамон.
Гурезон шуд аз Гев Пирони шер,
Пас-андар ҳаме тохт Геви далер.
Ниҳонӣ аз он паҳлавони баланд
Зи фитрок букшод печон каманд.
Бупечид Геви сарафроз ёл,
Каманд андарафканду кардаш дувол.
Сари паҳлавон андаромад ба банд,
Зи зин баргирифташ ба ҳамми каманд.
Пиёда ба пеш андарафканд хор,
Бибурдаш ба дур аз лаби ҷӯйбор.
Бияфканд бар хоку дасташ бубаст,
Силеҳаш бипӯшиду худ барнишаст,
Дурафшаш гирифта ба даст-андарун,
Бишуд то лаби оби Гулзарриюн.
Чу туркон дурафши сипаҳдори хеш
Бидиданд ночор, рафтанд пеш.
Хурӯш омаду нолаи каррной,
Дами нои сарғину ҳиндидарой.
Чу он дид Гев, андаромад ба об,
Чу киштӣ ба мавҷ андарояд шитоб.
Баровард гурзи гаронро ба кифт,
Сипаҳ монда аз кори ӯ дар шигифт.