256. РАҲО КАРДАНИ ФАРАНГИС ПИРОНРО АЗ ГЕВ
Ба Кайхусрав он гаҳ нигаҳ кард Гев,
Бад-он, то чӣ фармон диҳад шоҳи нев.
Фарангисро дид дида пуроб,
Забон пур зи нафрини Афросиёб.
Ба Гев он гаҳе гуфт, к-«Эй сарфароз,
Кашида чунин ранҷи роҳи дароз.
Чунон дон, ки ин пирсар паҳлавон
Хирадманду род асту равшанравон.
Пас аз додгар довари раҳнамун
Бидон, к-ӯ раҳонид моро зи хун.
Зи бад меҳри ӯ пардаи ҷони мост,
В-аз ин кардаи хеш зинҳор хост.
Ба мо бахшаш, эй номвар, ту кунун,
Ки ҳаргиз набуд бар бадӣ раҳнамун».
Бад-ӯ гуфт Гев: «Эй сари бонувон,
Анӯша бизӣ шоду равшанравон.
Яке сахт савганд хӯрдам ба моҳ,
Ба тоҷу ба тахти сарафроз шоҳ,
Ки гар даст ёбам бар ӯ рӯзи кин,
Кунам арғавонӣ ба хунаш замин».
Бад-ӯ гуфт Кайхусрав: «Эй шерфаш,
Равонро зи савганди Яздон макаш.
Кунун дил ба савганд густох кун,
Ба ҳанҷар варо гӯш сӯрох кун.
Чу аз ҳанҷарат хун чакад бар замин,
Ҳам аз меҳр ёд оядат, ҳам зи кин».
Дили шоҳ бар паҳлавон гарм дид,
Рухонаш пур аз обу озарм дид.
Бишуд Геву гӯшаш ба ханҷар бисуфт,
Ба савганд бар тандурустӣ бихуфт.
Чунин гуфт Пирон аз он пас ба шоҳ,
Ки «Натвон пиёда шудан то сипоҳ.
Бифармой, к-аспам диҳад боз низ,
Чунон дон, ки бахшидаӣ ҷону чиз».
Ба Гев он гаҳе гуфт шоҳи далер,
Ки «Аспаш маро бахш, эй наррашер».
Бад-ӯ гуфт Гев: «Эй далери сипоҳ,
Чаро суст гаштӣ ба овардгоҳ,