Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

257. ЁФТАНИ АФРОСИЁБ ПИРОНРО БА РОҲ

Чу аз лашкар огаҳ шуд Афросиёб, Бар ӯ тира шуд тобиши офтоб. Бизад кӯсу бӯқу сипаҳ барнишонд, Ба кирдори оташ аз он ҷо биронд. Ду манзил яке карду омад дамон, Ҳаме ҷаст бар сони тир аз камон. Чу овард лашкар бад-он размгоҳ, Ки оварди Гулбод буд бо сипоҳ. Ҳама марз лашкар пароканда дид, Ба ҳар ҷой-бар мардум афканда дид. Бипурсид, к-ин паҳлавон бо сипоҳ Кай омад аз Эрон бар ин размгоҳ? Набуд огаҳе кас зи ҷанговарон, Ки бугзашт аз ин сон сипоҳи гарон? Кӣ бурд огаҳӣ назди он девзод, Ки он ҷо Сиёвахш дорад нажод? Агар хок будиш омӯзгор, Надидӣ ду чашми ман ин рӯзгор. Сипаҳрам бад-ӯ гуфт: «Осон будӣ В-агар дил зи лашкар ҳаросон будӣ. Яке Геви Гударз будасту бас, Савор эч бо ӯ надидем кас. Сутӯҳ омад аз ҷанги як тан сипоҳ, Чунон рафт Геву Фарангису шоҳ. Чу бишнид, ранги рухаш зард шуд, Зи гардун дили ӯ пур аз дард шуд. Варо дод посух, ки омад падид, Сухан ҳар чӣ гӯшам зи доно шунид, Чу Яздон касеро кунад некбахт, Абе кӯшиш ӯро расонад ба тахт». Сипаҳбад чу гуфти Сипаҳрам шунид, Сипоҳе ба пеш андаромад падид. Сипаҳдор Пирон ба пеш-андарун, Сару рӯю ёлаш ҳама пур зи хун. Гумон бурд, к-ӯ Гевро ёфтаст, Ба пирӯзӣ аз пеш биштофтаст. Чу наздиктар шуд, нигаҳ кард шоҳ, Чунон хаста буд паҳлавони сипоҳ.