Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

258. ГУФТУГӮИ ГЕВ БО БОЖБОН

Ба сӯи Хутан рафт Пирон нажанд, В-аз ин сӯ ҳаме тохт шоҳи баланд. Худи саркашон сӯи Ҷайҳун кашид, Ҳаме доман аз хашм дар хун кашид. Ба Ҳумон бифармуд, к-«Андаршитоб, Инонро бикаш то лаби рӯди об, Ки чун Геву Хусрав зи Ҷайҳун гузашт, Ҳама ранҷи мо бод гардад ба дашт. Нишон омад аз гуфтаи ростон, Ки доно бигуфт аз гаҳи бостон, Ки аз тухмаи Тур в-аз Кайқубод Яке шоҳ сар барзанад бонажод, Ки Туронзаминро кунад хорсон, Намонад бар ин буму бар шорсон. Дили ӯ ба Эрон гирояд ба меҳр, Ба Турон намояд пур аз кина чеҳр. Расиданд пас Геву Хусрав ба об, Ҳаме будашон бар гузаштан шитоб. Гирифтанд пайкор бо божхоҳ, Ки «Киштӣ кадом аст бар божгоҳ Наванде, куҷо бодбонаш нав аст, Нишасте, ки зебои Кайхусрав аст?» Чунин гуфт пас Гевро божгоҳ, Ки «Оби равонро чи чокар, чи шоҳ. Ҳаме гар гузар боядат з-оби рӯд, Фиристод бояд ба киштӣ дуруд». Бад-ӯ гуфт Гев: «Он чи хоҳӣ, бихоҳ! Гузар деҳ, ки танг андаромад сипоҳ». Чу бишнид аз ӯ божбон гуфтугӯй, Сӯи Гев кард он гаҳе тез рӯй: «Нахоҳам зи ту, гуфт, бож андаке, Аз ин чор чизат бихоҳам яке. Зиреҳ хоҳам аз ту, гар аспи сиёҳ, Парастор ё ридаки ҳамчу моҳ». Бад-ӯ гуфт Гев: «Эй гусистахирад, Сухан з-ин нишон худ кай андархурад? Агар бо шаҳаншоҳ шаҳре будӣ, Туро з-ин ҷаҳон низ баҳре будӣ.