259. ГУЗАШТАНИ КАЙХУСРАВ АЗ ҶАЙҲУН
Ба шаҳ гуфт Гев: «Ар ту Кайхусравӣ,
Набинӣ аз ин об ҷуз некувӣ.
Фаридун, ки бугзашт аз Арвандрӯд,
Ҳаме дод тахти меҳиро дуруд.
Ҷаҳоне саросар шуд ӯро раҳӣ,
Ки бо равшанӣ буду бо фарраҳӣ.
Чӣ андеша, ар шоҳи Эрон туӣ.
Паноҳи далерону шерон туӣ.
Ба бад обро кай бувад бар ту роҳ,
Ки бо фарру бурзиву зебои гоҳ.
Агар ман шавам ғарқа, гар модарат,
Гаронӣ набояд, ки гирад сарат.
Баҳона ту будӣ маро дар ҷаҳон,
Ки бекор буд тахти шоҳаншаҳон.
Маро низ модар зи баҳри ту зод,
Аз ин бора бар дил макун хеч ёд,
Ки ман бегумонам, ки Афросиёб
Биёяд дамон то лаби рӯди об.
Маро баркашад зинда бар дор хор,
Фарангисро бо ту, эй шаҳрёр,
Ба об афканад, моҳиёнтон х(в)аранд
Ва ё зери наъл - андарун биспаранд».
Бад-ӯ гуфт Кайхусрав: «Ин аст бас
Паноҳам ба Яздони фарёдрас.
Фуруд омад аз бораи роҳҷӯй,
Бинолиду бар хок бинҳод рӯй.
Ҳаме гуфт «Пушту паноҳам туӣ,
Намояндаи доду роҳам туӣ».
Дуруштиву нармӣ маро фарри туст,
Равони хирад сояи парри туст».
Бигуфт ину бар пушти шабранг шуд,
Ба чеҳра ба сони шабоҳанг шуд.
Ба об андарафканд хусрав сиёҳ,
Чу киштӣ ҳаме ронд то божгоҳ.
Паси ӯ Фарангису Геви далер
Бурун шуд зи Ҷайҳуну аз обгир.
Бар он сӯ гузаштанд ҳар се дуруст,
Ҷаҳонҷӯй Хусрав сару тан бишуст.