Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

260. РАФТАНИ КАЙХУСРАВ БА ИСФАҲОН

Чу бо Гев Кайхусрав омад ба Зам, Ҷаҳоне аз ӯ шоду чанде дижам. Наванде ба ҳар сӯ барафканд Гев, Яке нома бинвишт аз шоҳи нев, Ки омад зи Турон сипаҳдор шод Сари тухмаи номвар Кайқубод, Сарафроз Кайхусрави некбахт, Ки шуд оби Ҷайҳун ба зераш чу тахт. Фиристодае чусту гурду савор, Хирадманду бинолиду ҳушёр Гузин кард аз он номдорони Зам, Бигуфт, он чи пеш омад аз бешу кам. Бад-ӯ гуфт: «Аз эдар бирав б-Исфаҳон, Бар он марзи шоҳону ҷои меҳон, Ба Гударз гӯ, «Эй ҷаҳонпаҳлавон, Бихуфтиву бедор будат равон». Бигӯяш, ки «Кайхусрав омад ба Зам, Ки боде наҷаст аз бари ӯ дижам». Яке нома наздики Ковусшоҳ Фиристода барҷасту бигрифт роҳ. Ҳаюнони кафафкани бодпой Биҷастанд бар сони оташ зи ҷой. Фиристодаи Геви равшанравон Нахустин биёмад бари паҳлавон. Паёмаш ҳаме гуфту нома бидод, Ҷаҳонпаҳлавон нома бар сар ниҳод. Зи баҳри Сиёвуш ду дида пуроб, Ҳаме кард нафрин бар Афросиёб. Фиристода шуд назди Ковуси кай, Зи ёли ҳаюнон биполуд хай. Чу омад ба даргоҳи Ковусшоҳ, Зи шодӣ хурӯш омад аз боргоҳ. Сипаҳбад фиристодаро пеш хонд. Бар он номаи Гев гавҳар фишонд. Ҷаҳоне ба шодӣ биёростанд, Ба ҳар ҷой ромишгарон хостанд. В-аз ин огаҳӣ шуд сӯи Нимрӯз Ба фирӯзии Геви гетифурӯз.